​Фестивал–озмуни умумидонишгоҳии «Навои ҷавонӣ»

Имрӯз, фестивал–озмуни умумидонишгоҳии «Навои ҷавонӣ» бо ширкати дастаи донишҷӯёни факултетҳои филологияи ӯзбек ва геоэкология баргузор гашт.

Донишҷӯён аз рӯйи шартҳои баромади ровиҳо, сароидани суруд дар шакли хор, навозиш (умумӣ ё якка), суруди якка, рақси якка, бадеҳахонӣ, хушдилон ва ҳозирҷавобон ва суитаи овозию рақсӣ баромад намуда, малакаву маҳорати хешро ба намоиш гузоштанд.

Фестивал-озмун дар як давр байни факултетҳои донишгоҳ баргузор гашта, ғолибон бо ҷом ва диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки фестивал-озмуни мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон, тарғиби сарулибоси миллӣ, дарёфти навозандагони соҳибистеъдод роҳандозӣ гаштааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ