​Факултети физикаю техника: Истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим

Санаи 7 январи соли равон дар факултети физикаю техника бо ташаббуси сармуаллими кафедраи электроника Усмонов А. семинариилмӣ оиди истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим бо иштироки устодони кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика гузаронида шуд.

СармуаллимУсмонов А. оид ба насби барномаи тахтаи электронӣ ва корбасти васеи он бо истифодаи барномаи RioStudio баромати пурмуҳтаво намуда, тарзу усули корбаст ва имкониятҳои тахти электрониро шарҳу тавзеҳ дод. Сипас профессор Саидов Ҳ. оиди истифодаи дигар ҳуҷҷатҳо дар тахтаи электронӣ якчанд саволҳо дод, ки аз ҷониби Усмонов А. посухҳои мушаххас ва амиқу дақиқ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон аз тарафи иштирокчиён бо навбат тахтаи электронӣ мустақилона истифода бурда шуд.

Дар интиҳои семинар профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Саидов Ҳ.Р. барои ташкили чунин семинари илмӣ арзи сипос намуда, пешниҳод кард, ки ин иқдомро бояд идома дод, чунки аз истифодаи технологияи инноватсионӣ ҳамаи устодон бояд маълумот гиранд.

Мудири кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика, дотсент Шерматов Ш. cеминари илмиро ҷамъбаст кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ