​Намоиши филми “Марди роҳ”

Бо мақсади омӯзиш ва тарғиби хизматҳои содиқона ва тақдирсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, тарғиби ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар ҳамкорӣ бо Филиали Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Суғд дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҷалби доираи васеи донишҷӯён филми мустанади “Марди роҳ” ба тамошо гузошта шуд.

Филми мазкур масоили нақш ва мақоми Пешвои муаззами миллат дар таъмини сулҳу суботи комил, рушди рӯзафзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми кишварро фарогир буда, ба ҷавонон ватандорию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро талқин менамояд.

Иштирокдорон филмро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ тамошо карда, иброз доштанд, ки бо пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат баҳри ҳифзу таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам обод намудани Ватани азизамон саъю талош менамоем.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ