​ТЭТ ҲНИ ва давлати исломӣ ҳамрадифи якдигаранд

Дар замони муосир дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар густариш ёфта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

Терроризм ва экстремизм ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро аз ҳар ҷиҳат поймол мекунад, асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид меорад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд, амалҳои даҳшатангезонаи золимонро маҳкум созанд.

Гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият дошта, дар байни дигар гуруҳҳои ифротӣ аз беамонтарин, разилтарин муттаҳида маҳсуб меёбад. Мутаассифона, ба ин рӯйхати сиёҳи таърихи инсоният ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом низ шомил шудааст. Таъсиси ин ташкилот бо номи Тоҷикистон пайваст буданаш барои доғ овардан ба ин кишвари ваҳдатсаро мусоидат мекунад. Мақсади асосии ин гурӯҳ, пеш аз ҳама, расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Баъдан дубора ба вартаи хуну оташ оғӯшта кардани Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.

Аз ин рӯ, шаҳрвандони ватаниву бурунмарзии кишвари азизамон бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки ҳар амалу кирдоре, ки аз ҷониби ин муттаҳида содир мешавад, ғайриқонунӣ буда, ба ваҳдатшиканӣ, тафриқаандозӣ, даҳшатангезӣ оварда мерасонад.

Озодандеш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ