ТТЭ ҲНИ – зери шиорҳои динӣ фаъолият мекунад

Олимону муҳаққиқон навъҳои мухталифи терроризм, ба монанди терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба хулосае расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризм ва экстремизми динӣ ҷаҳони имрӯзаро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар коршиносон, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва айни ҳол он дар аксари кишварҳои олам ба назар мерасад.

Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотираи мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо суиистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро муллоҳои мутаассибу ифротии ҲНИ зери шиорҳои динӣ баромад карда, аз номи Худою расул ҳарф мезаданд, вале мақсадҳои ғаразноку хоҳишҳои палидонаи худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд.

Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳояшон ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне бо роҳи ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахту бечора намудани мардуми он барҳам додани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Имрӯз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона гардида буд ва танҳо аз разиливу хоинӣ иборат буд, на чизи дигар.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сарварони наҳзатиҳо тамоми амалу рафтори хешро ба сураву оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳо пайваст намуда, ҳамаи онҳоро сарманшаи кори худ меномиданд. Бо чунин рафтори дурӯягӣ диққати тамоми мардумро ба дину мазҳаб ҷалб намуда, халқро дар ғафлат мегузоштанд ва аз фурсати барояшон бадастомада барои анҷом додани амалҳои бади шайтонию аҳриманӣ истифода мебурданд. Онҳо худро муъмину мусалмон хонда, олимону зиёиён ва кормандони давлатиро кофир меномиданд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки мардумро бар муқобили давлату Ҳукумат шӯронда, ба муноқиша ва низоъ бархезонанд.

Аз чунин тарзи гуфтору рафтори террористони наҳзатӣ бар меояд, ки гӯё Аллоҳ Худои шахсии эшон бошаду тамоми аҳкому аркони исломӣ танҳо ва танҳо ба хотири ин фасодкорону бадахлоқон нозил шудааст. Ин тоифа, ки дар ниқоби дӯст кори душманӣ ва дар сурати инсон амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд, ҳамеша ҷонибдори нооромию носуботӣ ва ноамнию ҷангзадагии Тоҷикистон мебошанд.

Ба гуфтаи худи террористони наҳзатӣ, яке аз эродҳои ҷиддие, ки онон нисбат ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд, ин манъи ба масҷид рафтани наврасони то синни ҳаждаҳсола ва бастани дари бархе аз масоҷиди ғайриқонунӣ мебошад. Ҳам тиб, ҳам биология ва ҳам антропология бо саҳеҳият ва дақиқияти хеле калон собит кардааст, ки организми наврас дар ин синну сол ҳанӯз ҷавон ва дар раванди ташаккулу шаклгирӣ қарор дошта, ҳар нақши дар ин муддат дар мағзи он гузошташуда ҳамбақои умр мешавад. Дар баробари ин, ҳаводиси даҳшатангези ҷаҳони имрӯз ба пуррагӣ шаҳодат медиҳанд, ки тамоми террористон ҷавонони дар ҳамин синну сол қарордошта ва таҳсилкардаи макотиби динии ғайрирасмӣ мебошанд. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бештар ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро бар зидди манфиатҳои миллату Меҳан бархезонид.

Аз ин рӯ, тамоми насли калони кишвари моро зарур аст, ки кулли наврасону ҷавонони дар ин синну сол қарордоштаро ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир ва ҷаҳонбинии илмӣ раҳнамун намоянд. Зеро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид басо зарур ва айни муддао буда, ба хотири нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, ифротгаро ва моҷароҷӯе, чун ТТЭ ҲНИ ва илмомӯзию донишазхудкунии наврасон ба тавсиб расидааст. Қарори мазкур ҳам аз назари ҳуқуқӣ, ҳам аз диди сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи илмӣ комилан дуруст ва ба тамоми талаботу меъёрҳо ҷавобгӯ мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ