​Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм.

Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдеворибақои миллат муайян намуда, роҳбари давлат чунин таъкид менамояд “ Миллате, ки тафаккури миллӣ таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиаш аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад”. Тоҷикистон ҳама тарафа мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебарад, хусусан бар зидди экстремизми хосияти динӣ дошта.

Яке аз воситаҳои ба гурӯҳҳои ифротгарӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин таввасутаи шабакаи интернет мебошад, ки ба психологияи онҳо бо ҳар гуна роҳҳо таъсир расонида ҷавононро ба гурӯҳҳои тундравӣ шомил мегардонанд. Бинобар ин бисёр мақомотҳои дохилии давлатҳо иҷрояи онро мекунанд, ки саҳифаҳои характери терроризм ва экстремизмӣ доштароаз байн гирифта ин гуна саҳифаҳоро руст кардаанд.

Пеш аз он, ки дар бораи пешгири намудани ин зуҳуротҳо номатлуб, мо бояд бо таърихи пайдоиш, ташаккул ва ривоҷу паҳншавии ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм чанде шинос шавем. Гарчандеин падидаи номатлуб аз давраҳои куҳан ва аҳди қадим вуҷуд дошту дар шаклу тарзҳои гуногу зуҳур мекард, аммо таърихнигорон ва сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқу амиқи пайдоиши терроризм ва экстремизмро дар замони муосир бозгӯ кардаанд, ки бо ин масъалаҳо мо мухтасар шинос мешавем.

Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои1798-1820 бо мақсади саргун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Марҳилаи нави терроризм дар солҳои 1960-1970 оғоз шуда, ки дар таърихи ҷаҳонӣ чун асри тараққиёти басо бо суръатитез паҳн гардада,ки “терроризми сиёсӣ” ном гирифтааст маълум буд. Ин террор асосан баъд аз чанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое,ки иқтисодиёташон бо суръат тарққи мекард ва сохтори иҷтимоии давлатӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемондаанд, чун Италия, Олмон ва Япония пайдо шудааст. Дар ин давлатҳо ташкилотҳои террористии “Красные бригады”, “Фраксия Красной Армии”, “Японская Красная Армия” ва дигар ташкилотҳои экстремизми вазъи давлвтҳоро ноором мегардониданд.

Зуҳури эстримизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 90-ум оғоз гардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ,паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлати ҷамъиятиро ба вуҷуд овард.Вазъияти ба амал омада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои иҷроия ва қувваҳои давлат ғайри имкон гардид, боис шуд, зуҳуроти таҳдид ва зӯрооварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд. Аз ин ҳолат ташкилотҳои террористӣ ва экстремизм истифода бурда ба ғасбӣ ҳокимияти давлатӣ дар Ҷ.Т шурӯъ намуданд. Онҳо пеш аз ҳама ба эҳсосҳои мазҳабию динӣ нохун зада,аҳолиро ба масҷидҳова тавассути онҳо ба фикри амали намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд. Аммо дар шароити номуайян пурра шомил гардонидани мардум душвор буд, аз ҳамин сабаб онҳо маблағҳои калонро истифода мебурданд, то ки мардуми тоҷик ба гурӯҳҳои онҳо шомил гарданд.

Имруз ин зуҳурот то рафт авҷ гирифта яке аз проблемаҳои ҷаҳонӣ гардид. Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимо тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват банооромӣ мебошад. Дар Осиёи Миёна баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ муввақатан ба миён омад аз ин ҳолат истифода бурда аз дигар давлатҳо паҳн гардидаанд ва дохил шудаанд. Таассуфовар он аст, ки амалҳои террористӣ ва экстремистӣ аз номи дини мубини Ислом ба ҷо оварда мешавад. Ҳоло он, ки дини мубини Ислом қатлу кушторро гуноҳи кабира меҳисобад. Аз соли 2006-ум инҷониб дар мамлакат 17 ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла “Ҳузб-ут-таҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ансоруллоҳ”, “Гурӯҳи 24”, Салафия ва дигарҳо манъ карда шудааст. Вале ин гурӯҳҳо бо дигар роҳҳо мардумро шомил гардонидаанд. Давоми соли2015 ва шаш моҳи 2016 нисбати 336 нафар сокинони вилоят парвандаи ҷинояти кушодаанд, ки онҳо асосан сокинони ноҳияҳои Исфара, Спитамен, Ҷаббор Расулов,Истаравшан, Панҷакент,Конибодом, БобоҷонҒафуров, Ашт, Зафаробод, Ғончӣ, Масчоҳ мебошанд. Аз ин теъдод 267 нафар ҷавонони аз синни 17-30 сола ташкил медиҳанд. Нисбати 69нафари сокини вилоят, ки дар мамлакати хориҷа Сурия , Афғонисто, Покистон қарор доранд парвандаи ҷинояти кушодаанд.

Мутасифон ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ занҳо ва кӯдакон ҳам шомил гаштаанд. Бинобар ҳамин барои мубориза бурдан бо ин гуна зуҳуротҳои номатлуб ба монанди экстремизмӣ динӣ мо бояд донем, ки дини Ислом чи гуна дин аст, яъне ки мо бояд дини худро нағз дарк намоем ва намонем, ки шахсони аблаҳ ки худро мусулмон мешумораду дар назди ҳама сари модарашро бо номи Худо аз танаш ҷудо мекунад номи поки дини Мубини Исломро расфо нанамояд.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ