​Роғун- ифтихори Тоҷикистон!

Ба сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли равон ид болои ид омад. Дар рўзи Истиқлолияти давлатӣ мо ҷомеи меҳнатии факултети филологияи рус ва донишҷўён шоҳидитантанаи бузург шудем.

Субҳи он рўз агрегати дуюми нерўгоҳи обии барқии Роғун ба кор даромад. Ба ин муносибат дар шаҳри Роғун ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарони давлату ҳукумат, меҳмонони хориҷӣ, бунёдгарони нерўгоҳ ва намояндагони воситаи ахбори хориҷию дохилӣ баргузор гашт. Нерўгоҳро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери кафкўбии ҳозирон ба кор дароварданд.

Баъди ба истифода додани агрегати якум, вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловатт- соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқолшудааст.

Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад,- гуфтанд дар расми кушоди ин тантанаи бузург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Тамоми сокинони Тоҷикистон шоҳиди рӯйдоди хурсандиовар – ба кор даровардани агрегати дуюми ин манбаи рӯшноӣ гардиданд, ин ҳама бо иродаи қавӣ, шуҷоату матонат ва заҳмати шабонарӯзии– мутахассисону сохтмончиёни ватандӯсту шўҳратманд иҷро карда шуданд.

Ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шудааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.

Татбиқи чандин лоиҳаи муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика нишонаи ҳамин кӯшишҳои пайваста буда, имрӯз ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодааст.

Сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, бунёди хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин, ислоҳоти соҳаи энергетика дар солҳои охир имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ ва фаъолияти инфрасохтори энергетикӣ ба таври назаррас вусъат ёбад.

Рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нақши муҳим мебозад.

Ҳамчунин, тавассути сохтмони хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Роғун-Душанбе», «Лолазор-Хатлон», «Геран-Румӣ», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Айнӣ-Рӯдакӣ», «Қайроққум-Ашт», «Қайроққум-Суғд» ба дарозии зиёда аз 1100 километр, 4 зеристгоҳи барқии 500 - киловолта, 10 зеристгоҳи барқии 220 - киловолта ва дигар иншооти барқӣ фаъолияти устувори низоми ягонаи энергетикӣ таъмин гаштааст.

“Роғун” барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона мебошад!

“Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст,- қайд намуданд, дар баромади тантанавии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Мудири кафедраи ИНШХ-и забони русӣ дотсент искандарова М.Н., ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ