​Изҳорот

Ҷумҳурии азизи мо маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ, якдилии халқи бузургамон бо роҳбарии Асосогузори ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гул –гул шукуфта дар тараққӣ мебошад.

Аммо баъзе аз душманони дохили ва берунии миллат ин тинҷию суботи халқи бузурги боиродаи моро чашми дидан надоранд ва бо ҳар роҳи васила мехоҳанд ин гавҳари бузургро халалдор намоянд.

Душманон ва хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар нашрияҳои бурунмарзӣ ҳар фитнаю дасисаҳое барангехта худро ҳамчун дилсӯзони миллат нишон медиҳанд. Аммо халқи тоҷик соҳиби ақлу заковати расо мебошад ба ин дассисаю фитнаи он нохалофон фирефта нашуда барои боз ҳам ободу сарсабз гаштан кишвари маҳбубамон содиқона кору фаъолият менамояд.

Барои он хоинони миллат, душманони хориҷие, ки ин нохалафонро зери парастории худ гирифтаанд, гуфтанием, ки азму иродаи халқи тоҷик қавӣ аст. Мо таҳти роҳбари оқилонаю сулҳпарвари худ барои рушду нумӯи мамлакати азизу худ содиқона хизмат мекунем ва фирефтаи ҳар як фитнаю дасиса нахоҳем шуд. Бигзор ин номардони миллат донанд, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагии кишвари маҳбуби моро халадор карда наметавонанд, чунони халқи тоҷик бузург ва соҳиби ақлу заковати дурандешонамебошад.

дотсенти кафедраи Барномарезӣ:Низомиддинов С.Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ