Паймони бепаймони беватанон

Тоҷикони беватани “ватанхоҳ” чанде қабл барои худ аз ҳисоби созмонҳое, ки барои руйпўш намудани ҳадафҳои нопоки ин “ватандорон” амал менамояд, боз як аҳдномаеро рўи кор овардаанд, ки гўё ин аҳднома ин тоифаи мардумро ба “ободиву озодӣ” ва “истиқлолияти комил” оварда мерасонад ва онҳо дар назди халқи тоҷик вазифаи “муқаддас”-и худро адо менамуда бошанд. Ин аҳдро бинанд-а? Ин паймонро бинанд!!!

Моро боз саволҳои печ дар печ дар азоб мондаанд: Оё ин мардум ба худ саволе додаанд, ки паймони бепаймони онҳо ба ягон нафаре аз халқи озоду ободи дар кишвар зиндагидошта лозим бошад? Оё бас набуд бо фиребу найрангҳои беҳуда мардумро гумроҳ намудану ба забонаи оташу фаҳшу террор ҳавола додан? Ҳаргиз!!! Ин бонгу таъкидоти онҳо танҳо ба ду се нафарони атрофиёнашон равона мегардаду бас!

Тавассути сомонаи иҷтимоӣ дар солгарди аҳднома як суханронии раиси ин паймонро мутолиа намудаму ба ростӣ хандакаф гардидам. Он ҷо ин раиси беватани молпараст, ки ба хотири пулу моли хоҷагони хориҷии худ ҳатто ватани худро фурухтаву ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ муқаддастарин хислати инсонӣ “виҷдони пок”-ро барбод додааст, бо ду паёме ҳадафи аҳдномаро ифшо намудааст, гўиё: “Паёми аввал ин аст, ки расидан ба истиқлоли воқеъии миллӣ ва давлатӣ аз муҳимтарин аҳдофи ПМТ мебошад, ки дар он бояд як инсони мустақил, соҳибҳуқуқ ва соҳибкаромат зиндагӣ кунад.... Паёми дуввум, ин идома додани роҳ, афкор ва талошу ҷонбозиҳои ҳамаи муборизони миллие, ки ҳазорон сол боз барои ҳифзи ҳувият, истиқлол ва арзишҳои милливу мазҳабии мо ҷон, озодӣ ва гоҳо ватани худро аз даст додаанд”.....

Паёмҳои интихоб намудаи онҳо ба пуррагӣ танҳо ба манфиати худи онҳо равона шудаасту дигар аҳдофе аз ин бонги онҳо бардошт намудан номумкин аст... танҳо ба танҳо ба хотири пулу мол боз лақиданҳои бекора боқӣ дигар ҳеҷ чиз!!!!

Ҳой мардум мо халқи озоди кишварро ободиву озодии мамлакати офтобрўяи рўй ба тараққӣ ва ҳамқадами замонаву кишварҳои пешрафта мефораду мебояд! Ин таъкиди мост бар ин беватанон!!!

Изҳороти декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Эгамбердиева Муқаддас Холиқовна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ