​Роғун бузургтарин иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

“Системаи энергетикие, ки дар асоси захираҳои пуриқтидори обӣ – энергетикии ҷумҳурӣ бунёд шудааст, воқеан яке аз системаҳои пешрафта ва боэътимод дар байни кишварҳои ИДМ ба шумор меравад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёд будани захираи об аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фарқи калон дорад. Захираи обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳозира на танҳо барои ҷумҳурии мо балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти бузургӣ иқтисодӣ дорад. Дарёҳои Тоҷикистон, ки тезҷараёнанд захираи гидроэнергетикии он хеле зиёд аст. Иқтидори энергияи дарёҳову кӯлҳои кишварамон 64 млн. киловатро ташкил медиҳад. Барои оқилона истифода бурдани захираҳои оби дарёҳои Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде, дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон кашида шудааст.

Яке аз калонтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад. Лоиҳаи ин сохтмон ҳанӯз соли 1974 тасдиқ шуда, давраи омодагиион соли 1986 оғоз ёфта буд. 27 уми декабри соли 1987 дарёи Вахш баста шуда, корҳои сохтмонӣ вусъат ёфтанд. Вале бо баробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корҳои сохтмонии ин иншоот боз дошта шуд. Моҳи июли соли 2010 бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сохтмон вусъат гирифт.

Барои рушди соҳаи энергетика бунёди таҷдиди инфрасохторҳои хизматрасон ва интиқоли барқ хеле муҳим аст. Аз ин рӯ сохтмони ин иншоот аз тадбирҳои хеле дурандешона ва оқилона буд, ки дар солҳои истиқлолияти давлат амалӣ гардида истодааст.

Фаромӯш набояд кард, ки дар давраи истиқлолият вобаста ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Афзудани аҳолӣ, бунёди манзил ба кор даромадани ҳазорон корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ истеҳсоли нерӯи барқи иловагиро тақозо дорад.

Бо ҳамроҳ шудани дарёҳои Сурхоб ва Оби Хингобдарёи Вахш тавлид меёбад, ки захираи гидроэнергетикии он 9147,6 МВт-ро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳи барқии обии Роғундар силсилаи нерӯгоҳҳоирӯди Вахшаз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Нерӯгоҳ аз 6 чархаиборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтар аз сатҳи заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватткалонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисобмеравад.

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 21000 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст. Дар марҳилаи аввал маблағгузории комплекси бакорандозӣ дар фишори паст сатҳи 160-170 метр бо тавононии 1200 МВТ, истеҳсоли солонаи 4,5 миллиард кВт.соат, тақрибан 600 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёдиин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонадкишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба иқтисоди сабз, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад. Инчунин, обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад.

Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад.

Маҳз сохтмони нерӯгоҳҳои нави бузурги барқӣ обӣ имкон фароҳам меорад, ки на танҳо норасоии нерӯи барқ бартараф карда шавад, балки дар давраҳои хушксолӣ ҳамаи кишварҳои поёноби минтақа бо об таъмин гарданд.

Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд. Яъне ин рӯзест, ки равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад.

Муаллимаи кафедраи геоэкология ва методикаи таълим Умарова З.Ш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ