​Сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аврупо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Швейтсария, Ҷумҳурии Чех ва Фаронса сафар намуданд. Сафари қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон боиси он мегардад, ки кишварҳои Аврупо ҷараёни сиёсии Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд. Эмомалӣ Раҳмон ният доранд, ки дар доираи сафарашон масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳифзи сарҳадот, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳангро баррасӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари худ ба Аврупо ҳамеша натиҷаҳои мусбат ба даст меоранд. Аз соли 2004 инҷониб, Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба қитъаи Аврупо ташриф меоранд ва дар Парлумони Аврупо сухан мегӯянд ва мулоқотҳои сершумор бо роҳбарони кишварҳо, вакилон ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мекунанд, ки дар онҳо чораҳо оид ба барқарор ва густариши муносибатҳо бо Тоҷикистон дар соҳаҳоимолия, энергетика, коммуникатсия, бахши кишоварзӣ ва амният муҳокима намуданд. Кишварҳои ташриф овардаи Эмомалӣ Раҳмон аъзои фаъоли Иттиҳоди Аврупо буда, таҷрибаи таърихӣ дар муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ доранд. Ин таҷриба муҳим аст, ки Тоҷикистон тавассути онҳо тавассути Иттиҳоди Аврупо зичтар ҳамкорӣ менамоянд. Имрӯз, ИА торафт меафзояд, ки зарурати барқарор кардани муносибатҳо бо Тоҷикистони рушдкунанда ба назар мерасад. Муҳим он аст, ки чунин ташрифҳо на танҳо дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ, балки дар ҳама соҳаҳо сурат мегиранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи баландтарини баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардумро эълон карда, фаъолияти худро барои ҳалли вазифаҳои дар Стратегияи Миллии Рушди пешбинишуда тавассути ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими нерӯи инсонӣ, такмили системаи идоракунии давлатӣ, тавсияи имкони содиротии кишвар ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона мекунад. Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки сафари Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо муносибатҳои дипломатӣ ва шинохти байналмилалии Ҷумҳуриро дар ҷаҳони кӯҳна мустаҳкам менамояд.Мо ҷавонон аз ин иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон арзи сипос намуда ҳамеша ва дар ҳар ҳолат пайрави ин гуфтаҳо хоҳем буд,зеро дар ҷаҳони муосир Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба мо ҷавонон бовари комил доранд мо низ ҷавобан ба ин бовариҳо ва ғамхориҳо бовар мекунонем,ки барои сиёсати пешгирифтаи пешвои миллат ҳамроҳ ҳастем ва барои тараққиёти миллат саҳми босазои худро хоҳем гузошт. Ин сафари Пешвои миллат барои қарордодҳои тиҷорати барои миллати мо саҳми бозасо ва ба пешрафти илму техникаи миллатмусоидат хоҳад кард мо ҷавонон бо пешвои худ ифтихор мекунем ва барои ояндаи миллати худ бовари дорем.

Мудири кафедраи “Химияи органикӣ ва амалӣ” дотсент Бердиева П.И

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ