​Сад ҳайфи қирғиз будан, марг бар чунин қирғиз!

Ҳамватанонам! Қирғизигарӣ ба авҷи баланд расид. Ба кирдори қирғиз дар Ворух ва Хоҷаи Аъло, ки ваҳшиёнаву ғайриинсонист, ба ҳаводиси дар ин қаламрави пуршарафи тоҷик рух дода танҳо ва танҳо метавон лаънату нафрату дашном кард. Ҳарчанд чунин лаънату нафрин хондан ҳаргиз барои касе суде наёварда буд!

Як миллати «дӯсту ҳамсоя» дар доираи ба истилоҳ муносиботи расмӣ худашро шарики стратегияи байнидавлатӣ муаррифӣ мекунад, дар ҳоле, ки пайи ҳам аз ҷониби чандин аҳли он миллати бадкешу лаин ва Худобехабару лаънаткардаи Худо амалу кирдори зишт ба муқобили тоҷиктаборони як гӯшаи нозанини Тоҷикистон рух медиҳад!? Ифротгарии зишту манҳусу ноҷавонмардонаро дар мисоли воқеаҳои қаблӣ ҳаргиз фаромӯш накардаем. Ман ду-се рӯз аст, ки чашмам ба ҳар хабар дар “шарҳи ин қиссаи хунинҷигар” интизору чор аст, ба ҳар таҳлил, ба ҳар баррасӣ дар заминаи ин мавзӯъ менигарам ва кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки асли бархурдҳо, решаи амиқи задухӯрдҳоро дар ин минтақа барои худам ва дар доираи ҳавсалаи дарки худам тагурӯ намоям. Чаро ки дар ин боб набояд ба ҳассосият роҳ дод, зеро ҳассосият харобовар аст, дар ин замина асли ҳар рӯйдодро бояд ба назар гирифт. Ба доди ман чанд маводи мунсифонаи таърих расид, ки дар ягон маврид қазияи марзро бар ҷониби қирғиз ва манфиати ӯ ҳаллу фасл накардааст. Аз як тараф, ба пешомади таърих дар мавриди тақдиру пешонии Воруху ворухиёни азизам дилам хеле хун шуд. Решаи ин ҳодисаҳои нанговар ба таърихи беш аз нимасра, ҳатто қариб якасра гиреҳ мехӯрад, зуҳуроти бемаънии он дар қолаби чангу кашокаши рӯҳиву ҷисмӣ бошад қариб 40 сол аст, ки рух медиҳаду хомӯш мешавад, аммо чӣ хамӯшие... Бо гузашти андак фурсат ҳисси адовати ғосибонаи қирғизӣ боз ҷӯш мезанад ва чунин рафтори ношоист аз сӯйи ифротиёни қирғиз дар намудҳои мухталиф зуҳур мекунад, ки аслан наметавон ба ин кирдор таҳаммул кард!? Ман фикр мекунам, он мақолаи воқеан ҳам баланду пурдалелу раднопазири чеҳраи варзидаву шинохтаву муътабари ҳуқуқии миллати шарафманди тоҷик Ҳизбилло Хоҷаев бо номи “Воқеияти таърихӣ набояд таҳриф шавад!” дар мавриди решаҳои муноқишоти қавмӣ дар марзҳои сарҳадии воқеъ дар Исфара шояд имрӯз арзиши онро дорад, ки ба забони қирғизӣ тарҷума ва дар рӯзномаи рақами 1-уми парлумонии Қирғизистон, ҳамчунин дар тарҷумаи русӣ дар сайтҳои мумтози хабарӣ ба нашр расад.

Агар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷомеаи пешқадам бошад, пас ба куҷо нигарист!? Чаро дар ин кишвар қаблан кирдорҳои ваҳшиёнаи ашхоси нобакору бехирад, ҳатто занони ангезандаву адоватовару манфиатдори муноқишаи байни миллатҳои ҳамсоя дар фосилаи солҳо маҳкум ва худи онҳо муҷозот нашуданд!? Наход тухми ноодамӣ ва ноодамиятии баъзе лаънатиҳои қирғиз то ин дараҷа адоватовар бошад!?

Тоҷикон имрӯз бори дигар амали нангини онҳоро бо ҳисси баланди ватандорӣ маҳкум мекунанд ва ба онҳо ҳазорҳо лаънат мехонанд. Ин кору кирдор ба торҳои эҳсоси милливу қавмии мо шадидан нохун мезанад ва мо дар хавфу ҳаросем, ки дар оянда ҳоли ин ду “ҳамсоя” бо чунин тарзи муомила ва ваҳшонияти типпи қирғизӣ дар чӣ ҳолат қарор хоҳад гирифт?

Ба ҳоли нафарони мақтул, пайвандони онҳо, захмбардоштагон, ҳар нафаре, ки ҷонашро ба хатар гузошта шоҳиди ин ҳол – задухӯрду куштор, сангандозӣ, роҳбандӣ ва гаравгонии мардуми шариф шудаанд ва рӯҳан аз афсарони қирғиз ва қирғизигарии онҳо таҳқирҳо диданд, дилам месӯзад. Нафароне, ки ин нақшаро ба таври худашон ва бо назардошташон хеле хубу “хуш” тарҳрезӣ карданд ва дар пушти экрани муноқиша нишаста хуни тоҷик рехтанд, қаламрави нозанинро ба мотамистон табдил доданд ва шояд хуб қарсак заданд ва ба ҳоли ранҷдидагон хандиданд, корашон ҷуз хароб кардани ҳаёти осоиштаи тоҷикон ва тафриқа андохтан миёни миллатҳо, расидан ба эҳсосу амбитсияҳои фачу нохудогоҳ дигар чизе нест...

Ин амали харобкор ба доираи ягон ҳуқуқи байналхалқӣ, меъёр ва принсипҳои ҳамсоягии дуҷониба рост намеояд ва рӯйро сиёҳ мекунад. Ба қирғизҳо решаи ин гирудору пурбаҳси таърихиро кӣ мефаҳмонад? Кӣ кӯшиши фаҳмонидан дорад, ки асли таърих дар мавриди марзҳои сокинони ин қаламрав дар чист?...

Бо тирадиливу харигарии мудаввом ин мушкил ҳал нахоҳад шуд.

Ин масъала бо назардошти дарки воқеият, бо такя ба асли таърих ва баррасии далелҳои якдасти таърихӣ ҳалшаванда аст ва дар ин сурат ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид!...

Аъзамов Субҳонҷон (Субҳони Аъзамзод),

мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ