​Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълони марҳилаи дуюми озмун барои дарёфти барномаи грантҳои озмунӣ​

Мутобиқи Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМИ) Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” (ЛРТО)-ро амалӣ менамояд. Мақсади лоиҳа ин таҳияи механизмҳои беҳтар намудан, мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат мебошад.

ВМИ дар доираи татбиқи ЛРТО озмуни Барномаи грантҳои озмуниро (БГО) эълон менамояд. Ҳадафи Барномаи грантҳои озмунӣ (БГО) ин маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба дигаргунсозии институтсионалӣ дар тамоми сохтор мебошад. Дар доираи БГО беҳтарин пешниҳодҳо дар асоси озмун ҷиҳати ба даст овардани ду ҳадафҳои зерин (а) беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва мутобиқатсозии он ба талаботи бозори меҳнат ва (б) дастгирии донишҷӯдухтарон, дастгирӣ карда мешавад.

Бо мақсади таъмини самараноки татбиқи ЛРТО Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ва Кумитаи баҳогузории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд: (1) баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботҳои арзёбии дархостҳои грантӣ; (2) эълон намудани ғолибони озмун; ва (3) таъмини ҳамоҳангсозии самараноки байниидоравӣ, ҳамкорӣ ва машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи БГО. Арзёбии дархостҳои грантӣ аз ҷониби мутахассисони мустақили байналмилалӣ ва миллӣ анҷом дода мешавад.

Барои равзанаи якуми маблағгузорӣ (беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва мутобиқати он ба талаботи бозори меҳнат), ҳаҷми маблағи ниҳоии гранти алоҳида то 300,000 доллари ИМА муайян карда мешавад. Ҳамчунин, дар доираи равзанаи мазкур пешниҳоди муштараки ду ва ё зиёда муассисаҳо пешбинӣ шудаанд, ки дархост аз ҷониби муассисаи пешбар пешниҳод карда мешавад ва он грантгиранда мебошад. Дар вақти пешниҳоди муштараки ду ва ё зиёда муассисаи ҳуқуқдошта маблағи ниҳоии грант метавонад то 400 000 доллари ИМА-ро ташкил диҳад.

Дар доираи равзанаи дуюм (дастгирии донишҷӯдухтарон) ҳаҷми маблағи ниҳоии гранти бояд аз 40 000 доллари ИМА зиёд набошад.

Ҳамаи грантҳои БГО бо сомонӣ пардохт карда мешаванд. Ба лоиҳаҳои грантии муассисаҳои таълимие, ки бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, корфармоён, ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД), аз ҷумла ТҒД оид ба масъалаҳои гендерӣ ҳамкорӣ доранд, афзалият дода мешавад.Саҳми грантгиранда дар лоиҳа на камтар аз 3% аз маблағи грант дар шакли пулӣ ё дар шакли молӣ ташкил медиҳад.

ТАВАҶҶУҲ:

Озмун дар доираи равзанаи якуми маблағгузорӣ (беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва мутобиқатсозии он ба талаботи бозори меҳнат) дар ду марҳила сурат мегирад. Дар марҳилаи якум, муасисаҳои таҳсилоти олии ҳуқуқдошта танҳо дархости пешакӣ дар ҳаҷми то ҳашт саҳифа бо тавсифи мухтасари лоиҳаи пешниҳодшуда мутобиқи шакли мувофиқашуда (шакли дархост) пешниҳод карда мешаванд. Пас, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дархостҳои пешакии онҳо дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ интихоб карда мешаванд, барои пурра пешниҳод намудани дархости грантӣ даъват карда мешаванд. Дар доираи равзанаи мазкур, ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ метавонад барои гирифтани грантҳо то ду дархост пешниҳод намояд. Дархостҳои пешакӣ то 21 майи соли 2019 то соати 15:00 қабул карда мешаванд.

Дар доираи равзанаи дуюми маблағгузорӣ (дастгирии донишҷӯдухтарон), муассисаҳои таҳсилоти олии ҳуқуқдошта бояд дархости пурраро барои арзёбӣ дар шакли мувофиқашуда пешниҳод намоянд. Дархости грантӣ то 29-уми майи соли 2019 то 15:00 қабул карда мешаванд.

Дархостҳои грантии БГО бояд бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар формати MS Word, ҳуруфи New Times, андозаи 12 бояд пешниҳод карда шаванд. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо (чопӣ ва электрони дар CD / USB) бояд ба ВМИ ҶТ / ҳамоҳангсози Лоиҳа пешниҳод карда шавад. Бо мақсади мусоидат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тайёр намудани пешниҳодҳо, ВМИ ҶТ дар шаҳри Душанбе аз 25-27 апрели соли 2019 семинари омӯзишӣ баргузор менамояд.

Дастури амалӣ оид ба барномаҳои гранти озмунӣ ва шакли дархостҳои грантӣ тавассути сомонаи www.maorif.tj дарёфт кардан мумкин аст. Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефонҳои:+992 372 221-38-36, 988 89 89 60, 884 888 008, суроғаи электронии moert.he@maorif.tj ва суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад, 13а (Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ВМИҶТ) дастрас намоед.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ