​Конференсия: “Саҳми академик Эшонқул Нуъмонов дар рушди илми химия”

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии ҳаёт ва фаъолияти академик Эшонқул Нуъмонов таҳти унвони “Саҳми академик Эшонқул Нуъмонов дар рушди илми химия” бо ширкати академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарходими илмии агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ Ӯлмас Мирсаидов, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Ҳайдаров, Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири лабораторияи фармокологияи Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Раҳимов, мудири лабораторияи синтези органикии Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Музаффар Исобоев, профессори Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Холмурод Назаров ва шогирдону пайвандон баргузор гашт.

Конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабуров ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки раёсати Муассисаи давлатии таълимии“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” зери партави сиёсати маънавибунёд ва фарҳангмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалиро ҷиҳати пешбурди самтҳои фаъолияти донишгоҳ ва тайёр намудани мутахассисони варзида бо назардошти талаботи бозори муосир таваҷҷуҳи махсус равона кардааст. Дар ин замина ба хотири нерӯи зеҳниву ҷисмии ҷавононро ба ободониву созандагӣ равона намудан ва ба ин васила, муаррифӣ сохтану пос доштани хизматҳои академик Эшонқул Нуъмонов ҷамъомад роҳандозӣ карда шуд.

Сипас, муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов баромад карда, доир ба фаъолияти доманадори академик Эшонқул Нуъмонов ҳарф зада, арз кард, ки мавсуф худро хушбахту баландтолеъ меҳисобиданд, зеро дар таъмини осоиштагии мардуми кишвар саҳми назаррас доштанд.

Профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов дар фароварди сухан бо боварии комил баён кард, ки насли имрӯз аз корномаҳои ин марди хирад ва олими навовар, инсони покдил ва омӯзгори ғамхору меҳрубон ибрат гирифта, баҳри омӯзишу касбазхудкунӣ бештару беҳтар талош меварзанд ва ҳамчун як ватандӯсти созанда, нексиришт, ҷустуҷӯкор ва навовар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар фаъолияти босамар мебаранд.

Баъдан, Ӯлмас Мирсаидов, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарходими илмии агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дунёи илмии академик Нӯъмонов Эшонқул Усмонович», Карим Ҳайдаров, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматулло Раҳимов, Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири лабораторияи фармокологияи Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва профессор Музаффар Исобоев, мудири лабораторияи синтези органикии Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳамкории академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Обиддин Тухтасунов, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва амалии факултети биология ва химия таҳти унвони «Академик Нуъмонов Эшонқул Усмонович яке аз поягузорони илми кимиёи муосири тоҷик»баромад намуданд.

Ҳамчунин шогирдон ва пайвандон баҳри баргузории конфронс ба роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” арзи сипос намуда, хотираҳои неки хешро доир ба ҳаёт ва фаъолияти академик Эшонқул Нуъмонов баён доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ