​Бо амри дилу виҷдон ба ватан хизмат мекунанд

Арзишҳои ахлоқӣ маънавӣ ва умумимилии ҳар як қавму миллатро метавон танҳо бо воситаи наслҳои оянда, ба хотири аз байн нарафтани он мерос гузошт. Ин тадбирест, ки пояҳои маданиву фарҳангӣ ва сиёсиву таърихии миллатҳоро устувору мустаҳкамтар месозад.

Бояд тазаккур дод, ки хоҳу нохоҳ ояндаи ҳар як қавму миллат аз ҷавонон вобастагии калон доррад. Ва агар инро ба таври вазифагузорӣ баён намоем, метавон гуфт, ки ояндаи моро танҳо ҷавонони соҳибкасбу бомаданият ва худогоҳу масъулиятшинос метавонанд, дурахшон созанд, ҷамъияти инсониро аз ҳар гуна олудагиҳои нопок ҳифзу ҳимоя созанд. Дар баробари хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои аз ҷиҳати илму техника, фарҳангу маданият ва иқтисодиёту иҷтимоиёт ҷавонон беш аз пеш талош намоянд, то дар густариши ин ҳадаф саҳми сазовору амиқ дошта бошанд.

Таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри пешбарандаи халқ, ҷавонон хеле афзудааст. Ҳамин аст, ки барои зиндагонии хушу хуррами онҳо, таълиму тадрис дар мактабҳои миёнаву олии кишвар шароитҳои мусоидро фароҳам овардаанд.

Албатта, натиҷаи ҳамин ғамхориву пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони масъулиятшиносу худогоҳ ва ватандӯсти кишвар таи чанд соли охир аст, бо хости дили худ барои хизмат дар сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро номнавис намуда, адои хидмат мекунанд.

Бояд гуфт, ки ақидаҳои дар мақола вобаста ба маросими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ комилан дурӯғ аст.

Ман ба ҳамин муаллифоне, ки ин изҳоротро навиштаанд, иброз менамоям, ки боре барномаи фарҳангии дар қасри Арбоб баргузоршударо бинанд, ки чи гуна ҷавонони даъватӣ хушҳолу хурсанданд. Вагарна дар оне, ки падару модарашро завлона зада ӯро аз муҳоҷират баргардондаанд, ҳисси қасд пайдо мешуд, шоядам ягон дасисаи ногуворе сар мезад.

Тақрибан 20000 нафар шоҳиди фараҳмандии ин сарбозони шуҷоъ буданд, ки онҳо худро дар назди халқу Ватан фидоӣ эълон сохтанд, ки барои ҳифзу ҳимояи марзи кишвар ҷони хешро дареғ намедоранд.

Худ қазоват намоед, ки агар ба шумо чунин таҳдид мекарданд оё хомӯш меистодед. Ҳеҷ гоҳ давлату Ҳукумати кишвар нисбати ягон шаҳру ноҳия зулм накардааст, ки акнун ба Исфара кунад. Он тавре, ки шумо нотавонбинон қавмҳоро алайҳи якдигар мешӯронед. Ва боз дар ин ҷо иддао намудаед, ки «Дар як рӯз се,чаҳор маротиба сӯҳбати телефонии падару модарон ба писаронашонро ташкил карда ва ҳоли онҳоро бо дастони занҷирбанд дар таҳхона нишон дода ҷавонҳоро водор мекарданд,ки аз Русия баргарданд. Аммо он падару модароне,ки аз фарзандонашон дар Русия пули барои бозгашт надоштанд чандин рӯзу ҳафта, ҳатто занҳо дар боздоштгоҳҳо қарор гирифтанд. Ин аст сиёсати пешгирифтаи пешвои муаззами миллат бо мардуми мазлуми Исфара» бас аст акнун ба чунин тӯҳмату найрангҳо хотима диҳед.

Исфараро танҳо шумо замоне мазлум намуда будед, ки аксарияти онҳоро гирифтори ташкилоти терористии худ сохтед (агар гуфтаҳоятон рост бошанд). Он вақте, ки тобеъи шумо буданд хуб буду, ҳоло барои Ватан хидмат намоянд мазлуманд магар. Оё ба ин васваса касе бовар мекарда бошад? Зеро ҳама медонад, ки шароити сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ чи гуна муҳайёст. Ва ҷавонони мо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, ки доранд Ватанро обод мекунанд. Наҳзатиҳо гӯён! шумо фикр накунед, ки мардумро боз ба доми худ мекашед. Ба он хотир, ки имрӯз мардум медонад, ки қадами устуворро дар кадом маврид гузошта бошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ