​Беҳтарин шарқшиноси китобхон муайян гашт

Дар факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” даври аввали озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019» баргузор гардид.

Дар давраи аввали озмун, ки дар миқёси факултет ҷараён гирифт, донишҷӯён доир ба мазмун ва муҳтавои асарҳои хондаашон маълумот ироа намуда, ба саволҳои ҳакамон посух доданд.

Дар натиҷаи холгузории ҳакамон донишҷӯи соли панҷуми ихтисоси форсӣ-англисӣ Ҳасанҷон Қараев (бо пешниҳоди номгӯи 32 китоби бадеӣ), донишҷӯи соли сеюми ихтисоси арабӣ-англисӣ Баҳринисо Дадоҷонова (бо пешниҳоди номгӯи 40 китоби бадеӣ) ва донишҷӯи соли чорум, ихтисоси арабӣ-англисӣ Турсуналӣ Назаров (бо пешниҳоди номгӯи 35 китоби бадеӣ) се мақоми ифтихориро касб намуда, ба даври дуюми озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019», ки дар сатҳи донишгоҳ гузаронида мешавад, роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ