Конференсияи илмӣ – амалӣ: Мактаби ҷасорат, қаҳрамониҳо ва садоқат ба ватан

Санаи 13.02.2019 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки таҷрибаомӯзони курси 4-уми шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ – мактаби ҷасорат, қаҳрамониҳо ва садоқат ба Ватан” баргузор гардид.

Сарвари муассисаи таълимӣ Тӯхтабой Раззоқов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳасанбой Каримов дод. Вай дар бораи 30-солагии баровардани артиши маҳдуди ИҶШС аз Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла қайд кард, ки фиристодагони Тоҷикистон, дар қатори аскарону афсарони шуравӣ, дар ҷанги кишвари ҳамсоя қаҳрамониҳои бемисл нишон дода,ҳозиринро даъват намуд, ки шаҳидони ин воқеаро фаромӯш накунанд.

Сипасҷонишини директор оид ба таълим Мадина Пардаева дар мавзӯи “Саҳми бошандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар иҷрои қарзи интернатсионалистӣ” маърӯза хонд. Вай таъкид намуд, ки Ҳукумати Шуравӣ дар вақташ муроҷиати роҳбарияти Афғонистонрооид ба расонидани кӯмакимусаллаҳона дар муборизаҳои дохилӣ ба давлати ИҶШС ба ҳисоб гирифта, соли 1979 Қувваҳои мусаллаҳи маҳдуди ИҶШС-ро ба сарҳади Афғонистон даровард. Афсарону аскарони шуравӣ дар хоки Афғонистон бештар аз даҳ солбо душманони дохилии мамлакат ҷангиданд ва соли 1989 онҳо ба Ватанашон баргаронида шуданд. Дар ин давра садҳо нафар ҷанговарони мо шаҳидгаштанд. Ҳазорҳо-ҳазорафсарону аскарон, аз ҷумла тоҷикистониён, қаҳрамониҳо нишон дода, бо ордену медал мукофотонида шуданд.

Таҷрибаомӯз Норҷона Давлатова дар мавзӯи “Артиши миллӣ – ҳамчун ҳомии марзу бум ва амнияти давлат” бо муаррифиномаҳо баромад карда, оид ба таърихи таъсисёбӣ ва рушди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Қисми адабӣ – мусиқӣ боиштироки хонандагони синфҳои 5 - 10 хеле шавқовар буд.

Дар конференсия мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дотсент Олимҷон Маҳмудов, ҷанговарони байналмилал Отабой Ҳоҷиев, Ҷумъабой Бобоҷон ва Ҳусейнбой Мамадҷонов иштирок карданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ