​Иттиҳоди мо аз Ваҳдат аст

Имрӯз мебояд фаҳмиши мардум нисбат ба маҳал ва маҳалдӯстӣ дигар шавад. Зеро ҷомеа ҳамеша механизме дорад, ки онро аз олудагиҳо пок мекунад. Маҳалли худро дӯст доштан метавонад ба он сабаб шавад, ки фаротар аз ин тафаккур намоӣ ва дар баробари маҳал миллат ва Ватанро қадр кунӣ. Аммо агар тавони дӯст доштани зодгоҳи худро надошта бошем, кай метавонем ба дарки миллат ва Ватан бирасем? Ин саволест, ки маҳалгароён ва он нафароне, ки тамоми бурду бохти хешро ба маҳал водор медиҳанд ва нотавониҳои худро низ баъзан ба маҳал вобаста медонанду аз рушду инкишоф канор мемонанд, бояд ҷавоб гӯянд. Бояд бар ин андеша қоим буд, ки ҳар нафаре мегӯяд фалонӣ бо сабаби аз фалон маҳал будан соҳиби мақому манзалат аст, худ маҳалгарост ва тавони дидани бурду бохти он нафарро надорад, зеро тафаккураш дар ҳамон сатҳ аст.

Дар олами муосир хатари маҳалгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Тоҷикистони азизи мо баъди вазъияти мушкили сиёсие, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо ба вуҷуд омада, мусибатҳои зиёдеро ба сари миллат овард, бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи раҳоӣ аз ин мушкилиҳо дарёфт карда шуд ва миллат аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун омад. Вақте миллат мутаҳҳиду ягона аст, пас давлат тараққӣ мекунад, ободу шукуфон мегардад.Мардуми шарифи Тоқикистон аз Ваҳдати ягонаи кишвар шукргузори бояд кунанд ва ба қадри он ҳамавақт бояд расид.

Устодони кафедраи Информатика ва математикаи ҳисоббарор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ