​Либоси миллии тоҷикӣ ё сатру ҳиҷоби исломии бегона

Мақомотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон чанд сол боз алайҳи ҳиҷобу сатри исломӣ мубориза бурда истодаанд. Лекин то ин дам, дар симои баъзе ҷавонони имрўза ин урфу одат як расми ғайричашмдошт пайдо кардаанд. Ҷавонони булҳавас то кунун ба як сурати нарм, вале ба ҳар ҳол ба муборизаи давлат зидди рӯсарӣ мухолифат меварзанд ва ин амалро ҳатто ба ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии занон пешгирӣ мекунанд.

Имрӯз баъзе ашхоси бо пардаи ислом мехоҳанд ҳамин гуна фазои нооромро дар байни ҷавонон мондани риш ва пўшонидани ҳиҷоб ба вуҷуд оранд.

Ҳиҷоб ва сатри исломӣ, ки аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин аз Туркия ва Эрон ба мамлакати мо ворид шудааст, акнун дар бозорҳои Тоҷикистон барои ҳар як фард дастрас ҳаст, ба талаботи вазорати маориф, ки пӯшидани чунин навъи либос ва рӯсариро дар макотиб ва донишгоҳҳо манъ кардааст, ба як мавзӯи доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Бархе духтарони донишҷӯ дар пайи дур шудан ва тарки таҳсил шаванд, баъзе донишҷӯён аз тарафи вазорати маориф талаботи манъкардашударо эътироф намекунанд. Аммо баъзе донишҷӯдухтарони ҳиҷобпӯш ба хотири ҳифзи курсии донишҷӯӣ мехоҳанд баробари дохил шудан ба мактабу донишгоҳ ҳиҷобро аз сар бадар карда, дар вақти рафтан боз ба бар мегиранд.

Маъракаи мубориза бар зидди сатру ҳиҷоб имрўз дар ҷомеаи шиддати бештар шуда истодааст. Ақидаҳо дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон дар мавриди ҳиҷобу сатри исломӣ хеле мухталиф ва мавзӯи ҳиҷоб дар ин ҷамъият як мавзӯи доғ ва вирди забонҳои одамон боқӣ мемонад. Вале ҳатто бисёре аз онҳое, ки худ ҳиҷоб ё сатр намепӯшанд, бар ин назаранд, ки занон бояд ҳаққи интихоб дошта бошанд ва худ тасмим бигиранд, интихоби дуруст намоянд ва бегонапараст набошанд, чӣ бипӯшанд: сатри исломӣ, либоси суннатии тоҷикӣ ё либоси муосири аврупоӣ?

Мудири кафедраи

химияи органикӣ ва амалӣ Тиллобоев Ҳ.И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ