​Оқибатҳои ҳузнангези маҳалгароӣ

Маълум аст, ки пас аз 3 сол мардуми тоҷик 30 солагии истиқлолияти давлатии худро пешвоз мегирад. Ин истиқлолият барои мардуми мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистонро қариб ба вартаи ҳалокат оварда буд аз ҷониби хӯҷаҳои беруна ва душманони миллати тоҷик ташкил карда шуд.

Мардум, ки солҳои 90-ум гирифтори зиндагии пурмашаққат шуда буданд ба осонӣ фирефтаи гапҳои дурӯғи душманони дохиливу берунӣ мешуданд. Ин охири охирон ба он оварда расонид, ки сарзамини моро бадбахтӣ яъне оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба коми худ кашид. Ҳазорон одамон сарсону саргардон гардида аз ватан фирор намуданд. Бо ном “дӯстони миллати тоҷик” миллатҳои дар Тоҷикистон бударо бо ҳам душман гардониданд. Бо айби онҳо ҳазорон оилаҳои русзабон Тоҷикистонро тарк намуда ба Руссия рафтанд, ки ин ба дӯстии таърихи садсолаҳо доштаи ин миллатҳо доғ гузошт ва халқи моро ба миллатпарасти гунаҳкор намуд.

Решаи асосии ин кирдорҳои нанговар ин маҳалгароии як зумра “миллатдӯстон” буд, ки ҳатто дар байни маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон тухми нифоқро кориданд. Маҳалгароии онҳо то он дараҷае омада расида буд, ки намояндагони як маҳал намояндагони маҳалли дигарро таҳқир мекарданд, аз хонаҳояшон пеш мекарданд ва ҳатто зарари ҷисмониву маънавӣ мерасониданд. Ин ба он оварда расонид, ки як қисм шаҳрвандон хонаву дари худро гузошта аз як маҳал ба маҳалли дигар фирор мекарданд.

Имрӯзҳо бошад дар Тоҷикистон таҳти роҳбарииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати пурраи миллӣ ба даст оварда шудааст.

Итминон дорам, ки тамоми намояндагони миллатҳо ва маҳалҳои ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ, ҳамбастагӣ, дӯстона аз як гиребонсар бароврда софдилона меҳнат намоянд Ватани азизамон боз ҳам гул-гул мешукуфад.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ