​Дар як сатр: Ба қаҳрамонии абармардон сари таъзим фуруд меорем

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият ба шумор рафта, дар он беш аз 72 кишвари хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиёти ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтаанд. Дар адабиёти илмӣ қайд гардидааст, ки теъдоди умумии сафарбаршудагон зиёда аз 110 миллионро ташкил дода, 50 миллион иштирокчии он қурбон гаштанд...

Баҳри пос ва гиромидошти хотири неки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” як қатор чорбиниҳои тарбиявӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар як сатр зикр менамоем.

Факултети забонҳои хориҷӣ. Мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” баргузор гашт, ки дар он устодон маърӯза намуда, донишҷӯён дар васфи шуҷоатмандони Ватан шеъру суруд бо забони тоҷикиву русӣ ва ӯзбекӣ қироат доштанд.

«Ба қаҳрамонии абармардон сари таъзим фуруд меорем». Бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ зери чунин ном дар хобгоҳҳои №1, 3, 9-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чорабиниҳои тарбиявӣ доир гаштанд.

Факултети физикаю техника. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши мардуми Тоҷикистон дар тантанаи зафар” баргузор гашт, ки дар конфронс иштирокдорон доир ба нақши ҷанговарони тоҷик дар таъмини ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ табодули андеша намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ