​Ҷавонон бар зидди дасисабозиҳои Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони террористаш кӯшиш доранд, ки дар ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди динии ҷавонон дигаргунӣ ворид намуда, шаҳрвандони кишвар ва муҳоҷиронро бар зидди сиёсати давлатдории навин барангезанд.

Ӯ дар ин роҳ дини мубини исломро ҳамчун василаи расидан ба ҳадаф суиистифода мекунад.

Дар баромадҳояш роҳбари ТЭТ-и Ҳизби хиёнаткори Наҳзат (имрӯз номи ташкилоти экстремистӣ-террористиашро иваз кардааст) Муҳиддин Кабирӣ ба ғайр аз дасисабозиву иғвобарангезӣ миёни ҷавонон дигар чизи хуб мушоҳида намешавад. Ӯ нафаре аст, ки дарбадар ва ба ҳар кӯча медарояд, барои манфаати худ ҳатто ватану миллати худро мефурӯшад. Ин палиди нобакор имрӯз дар Аврупо зиндагонии муҳоҷирона дораду бо баъзе ташкилотҳое, ки нисбат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик ниятҳои муғризона доранд, хидмат мекунад. Муҳиддин Кабирӣ медонад, ки агар муросо накунад, хилофи ақидаи худ изҳори ақидаи аврупоӣ накунад, аз як даҳон нони бо миннат маҳрум мешавад. Ба қавли устод шоир Давлат Сафар:

Эй қавми бедиёнату эй қавми беватан,

Эй қавми дар муоширати хеш сагдаҳан.

Олудаи ҳақорату иғво, макун сухан!

Санги маломатат бигир аз дӯши анҷуман!

Ҷавонон бояд ба дасисабозиву иғвобарангезӣ Муҳиддин Кабири рӯ наоварда ба қадри неъмати истиқлолият расанд, арзишҳои миллиро азиз доранд, ба қадри давлату давлатдорӣ расанд, онро ҳифз намоянд, ки ин ҳама қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии онҳост. Кишвари азизи мо ба таври доимӣ нақши баҳрамандӣ аз таърих ва фарҳанги миллиро дар устувор кардани пояҳои андешаи давлатдории ҷавонон муҳим арзёбӣ мекунанд. Ташвиқу тарғиби таълиму тарбияи насли наврас дар ин раванд дар рӯҳияи ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи мо иродаи матин доранд ва онҳо дар маҳкум кардани андешаҳои иғвогароёнаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар марзу буми Ватани азизамон - Тоҷикистон бо ҳар роҳ, яъне амаливу маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

ШАҲРЗОД

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ