​Доир ба вижагиҳои ҳамсадоҳои забони тоҷикӣ дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ баргузор гашт

Оид ба мавзӯи “Вижагиҳои ҳамсадоҳои забони тоҷикӣ ва таснифи онҳо” барои гурӯҳи 201 ва 202-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ аз ҷониби Зоҳидҷон Қӯрғонов номзади илмҳои филологӣ, дотсент устоди кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷолибияти дарс дар он буд, ки муаллим онро бо саволу ҷавоб ва муаррифӣ оғоз намуд. Дар муаррифӣ расми узвҳое, ки овозро пайдо мекунанд, намоиш дода шуда, донишҷӯён фикри худро дар бораи ҳар яки онҳо баён карданд. Дар дарс узвҳои фаъол ва ғайрифаъол, ки барои пайдо шудани овоз истифода мегардад бо тариқи презентатсия намоиш ва нишонаҳои фарқкунандаи ҳамсадоҳо -аз рӯи кори узвҳои фаъол (махраҷ) - аз рӯи тарзи тавлид -аз рӯи иштироки резонаторҳо -аз рӯи кори садопардаҳо низ шарҳ дода шуд.

Таъкид гардид, ки бино ба андешаи овошиноси маъруфи тоҷик Толиб Хаскашев ҳини муайян ва таҳқиқи падидаҳои тавлидӣ ва акустикии фонемаҳо, аз ҷумла ҳамсадо ба инобат гирифтани ҳаракати узвҳои ғайрифаъоли нутқ яке аз шартҳои муҳими илмӣ мебошад.

Сипас методи мушоҳидаи донишҷӯ, ки яке аз услубҳои дарсгузарии устод мебошад бо донишҷӯён гузаронида шуд. Дар он доир ба мавзӯи мазкур ва хусусиятҳои ҳамсадоҳои фаъол ва ғайрифаъол донишҷӯён мулоҳиза ва мушоҳидаҳои худро баён намуданд. Сониян дар рафти дарс маълум гардид, ки донишҷӯён дар баробари ҷавоб додан ба суоли муаллим тарз ва услуби дарсгӯии ӯро низ мушоҳида мекунанд. Ҳангоми суоли ногаҳонӣ, ки аз тарафи устод дода мешавад, донишҷӯ зиракиро аз даст надода, ба он бо пуррагӣ ҷавоб мегӯянд. Ин яке аз хусусиятҳое мебошад, ки ба донишҷӯ дар баробари омӯзиш мушоҳидакориро меомӯзонад. Шояд таъсири чунин усул бошад, ки ҳангоми гуфтани калимаҳои душвор донишҷӯён аз мақсади устод ба зудӣ огоҳ мегардиданд. Дар охир якчанд китобҳои профессорони донишгоҳ, ки фарогири мавзӯи мазкур бахусус ҳамсадоҳо мебошанд, аз ҷониби Зозидҷон Қӯрғонов муаррифӣ гардида, барои истифода ба донишҷӯён тавсия карда шуд.

Устодоне, ки дар дарс иштирок доштанд, тӯли 50-дақиқа тарзи дарсгузарии устод ва омодагиву иштироки донишҷӯёнро ба дарс мушоҳида намуда, онро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Сониян ба он баҳои хуб дода, таъкид карданд, ки донишҷӯён бояд мавзӯи мазкурро боз ҳам хубтар аз худ намоянд, зеро таснифи вижагиҳои ҳамсадоҳои забони тоҷикӣ хеле душвор ва сершоха мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ