​Ғамхориҳои навбатии Пешвои муаззами миллат ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Бемори бо номи COVID-19 омилаш вируси коруно аст, ки барои олимони ҷаҳон шинос мебошад. Дар ҷанги байни вирус бо иммунитети инсон дар шуш мушкилоти кимиёвӣ ба вуҷуд меояд, ки дар баъзе афрод ба марг оварда мерасонад. Дар асоси тадқиқотҳои ҷаҳонӣ, мо медонем, ки 85 фоизи шахсони ба COVID-19 гирифторшаванда бе ягон табобат сиҳат мешаванд. Вале 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар ниёз аст, ки дар беморхона бистарӣ шаванд. Аз 1 то 3 фоиз дар баъзе ҳолатҳо фавт мешаванд. Мо ба як беморие рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар шушҳо пайдо шуда, бештар ба ин намуди беморӣ фақат 3-4 моҳ аст, ки мубтало шудааст.

Аз ин лиҳоз, сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонсанаи 16 майи соли равон бо ташаббус ва дастгирии саривактӣ, бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони вилоят ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, кӯмаки модди иборат аз 140 мошини пурбор аз пойтахти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд равон намуданд.

Дар маҷмӯъ, кумаки моддӣ аз 900 тонна маводи озуқа ва дорувориҳо иборат буда, маблағи умумии он беш аз 6,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ин кумак ба муассисаҳои тиббии вилоят, шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони ҳозиқ дастрас карда мешавад. Дар ҳақиқат табибоне, ки дар ҳамин соҳа кор ва фаъолият бурда истодаанд иброз намуданд, ки аз ғамхориҳои пайвастаи сарвари давлатамон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо бархурдор ҳастанд.

Маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Маводи тиббӣ бошад, аз номгӯи дорувориҳое, ки Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳури барои табобати бемории Covid - 19 муқаррар кардааст ва дигар лавозимоти тиббӣ, аз қабили корҷомаҳо, ниқобу дастпӯшҳо ва бастаҳои гигиенӣ фароҳам оварда шудааст. Кӯмаки Пешвои муаззами миллат худи ҳамин рӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас карда шуд.

Кӯмаки саривақтии Пешвои муаззами миллат бахусус, кормандони соҳаи тандурустиро рӯҳбаланд намуда боиси дастгирии ҳар як фарди меҳанпараст маҳсуб меёбад. Мо омӯзгорони Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров баСарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориашон дар шароити имрӯза арзи сипоси худро баён мекунем.

Устодони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии

ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ