​Мулоқотҳои судманд

Санаи 12 – уми феврали соли равон устодони факултети физикаю техника дар хобгоҳҳои рақами 1, 2 ва 3-и донишгоҳ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқоматкунандагони хобгоҳҳо мулоқот гузарониданд.

Декани факултет Шамсиддинов Мумин ва мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт Валиев Рустам дар хобгоҳи рақами 2, муовинони декан Ҳоҷибоев Абдумалик, Умаров Насимҷон ва мудири кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Шерматов Шавкатҷон дар хобгоҳи рақами 3 ва мудири кафедраи электроника Тошхўҷаев Ҳаким, устодони кафедра Бобоева Набуватхон ва Шокирова Ибодат дар хобгоҳи рақами 1 оид ба нуқтаҳои муҳимтарини Паёми навбатӣ, аз ҷумла оид ба иштироки фаъолонаи донишҷӯн дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, оид ба ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир, роҳнамоии ҷавонон ба ободкорӣ, созандагӣ ва ихтирокориҳои нав, даъвати ҷавонон баҳри мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ва ғайраҳо суханронӣ намуданд.

Бошандагони хобгоҳҳо низ дар навбати худ барои ташкил намудани чунин мулоқотҳо ба устодони факултет изҳори ташаккур карда, аз ғамҳориҳои беандозаи ҳукумату давлат нисбати ҷавонон арзи сипос намуданд. Онҳо ваъда доданд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гул-гул шукуфоии Ватани азиз сарф менамоянд, то сазовори ин ҳама дастгириву эътимод бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ