​Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Манонова М.Т.

Дар замони муосир равия ва мафҳуми терроризм ба яке аз ҳодисаҳои умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки он дар ҳама сатҳ ва шаклҳои гуногун дар тамоми минтақаҳои олам зуҳур меёбад. Мақсади аввалиндараҷаи терроризм ин халалдор сохтани амнияти мардум ва давлату ҳукумат, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути чунин амалҳои ифротӣ фишор овардан ба мақомоти давлатист.

Ифротгароӣ ва тундгароӣ аз ҷумлаи зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар, хусусан Тоҷикистони соҳибистиқлол хатар эҷод мекунанд. Аз таҳлилу таҳқиқи маводҳои илмӣ, барномаҳои ВАО хулоса баровардан мумкин аст, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин, алалхусус кишварҳои арабӣ ин ҷараёнҳо густариш ёфтааст. Яке аз омили асосии «ифротгароӣ ва терроризми исломӣ» ном гирифтани ин зуҳуротҳои хатарнок дар он аст, ки як идда гурўҳҳои ҷинояткор ва бо асли ислом бегона, барои татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ сўиистифода мебаранд. Онҳо даъвои пуштибонӣ аз исломро баҳона пеш оварда, дар асл барои амалӣ сохтани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ ва фармонравоҳои хориҷиашон талош менамоянд. Имрўз мухолифони кишвари мо аслан ба воситаи ифротгароӣ амалҳои номатлуби худро роҳандозӣ карда истодаанд. Бо роҳи фиреб ба зеҳни ҷавонон ва мардум роҳ ёфта, мехоҳанд нақшаҳои сиёҳи нопоки худро амалӣ созанд.

Имрўз ифротгароӣ ба вабои аср табдил ёфтааст, ки аз он бояд канораҷўӣ намуда, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Боиси таассуф аст, ки имрўз баъзе аз нафарони носипос мехоҳанд теша ба решаи худ бизананд. Бехабар аз он ки сулҳу субот ва оромии кишварамон бар ивази чӣ гуна ҷонбозиҳо ба даст омадааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ