​Факултети физикаю техника: Паёми фардофурўз

Дар маҷлисгоҳи факултети физикаю техника бахшида ба омўзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони «Паёми фардофурўз» бо иштироки устодон ва донишҷўёни соли 3-юми шўъбаи ғоибонаи ихтисоси физика доир гардид.

Конфронсро декани факултет, дотсент Шамсиддинов Мумин оғоз намуд. Сипас, сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ, дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшо доир ба муҳимтарин паҳлўҳои Паёми навбатӣ ва татбиқи амалии он андешаҳояшро баён дошт.

Тибқи барномаи конференсия масъули шўъбаи ғоибонаи факултет, номзади илмҳои кимиё, сармуаллим Пўлотов Парвиз дар мавзўи «Паёми раҳнамо», донишҷуёни соли 3-юми шўъбаи ғоибона Қурбонова П. дар мавзўи «Паём ҳуҷҷати ояндасоз» ва Ахмедова З. дар мавзўи «Масъалаҳои рушди илму маориф дар Паёми Пешвои миллат» маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар ҷамъбаст аз тарафи донишҷўён шеърҳо дар васфи Пешвои миллат, Истиқлолият ва Ваҳдат қироат карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ