​Изҳороти аъзоёни кафедраи филологияи араб​

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ доир ба хатарҳои терроризму ифротгаройи таъкид намуда, аз ҷумла дар ҷойе чунин мегӯянд: “Террористу экстремист ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеӣ барои ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад”.

Ба ин хотир, Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи беамони худро бар зидди терроризм чун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии хеш, минтақа ва ҷаҳон дониста, барои тамоман аз байн рабудани он, ҳамаи кӯшишу талошҳои худро равона карда истодааст. Чунки зуҳуроти харобиовари гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ, ин худ аз байн рабудани сулҳу субот, ободиву созандагӣ ва рушди ҳаёти моддиву маънавииҳар як қавму миллат мебошад.

Мутаассифона, дар солҳои ахир дар ҳар гӯша ва канори гуногуни олам ба таври фардӣ террорист ва ё худ ба тариқи дастаҷамъи созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба миён омада, боиси ҷангу ҷидол, харобиву вайронӣ, қатлу ғорат дар ҷаҳони муосир шуда истодааст. Чуноне ба ҳама маълум аст, баъди воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардида, тамоми фаъолиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан қатъ гардид.

Баъди ин, як идда аз роҳбарони баландпояи он дар кишварҳои аврупоӣ фирорӣ шуда, бо баъзе аз ҳаммаслакони хориҷии хеш мехоҳанд фазои сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистони азиз ва гулглшукуфонро халалдор намоянд. Онҳо бо ҷалби баъзе шахсиятҳои ноогоҳ ва соддаву зудбовар мехоҳанд, боз сафи гурӯҳи террористии худро зиёд намуда, ба воситаи ҳиллаву найрангҳои авомфиребонаашон бори дигар мардумро ба доми худ оваранд.

Аммо мардуми худогоҳ ва бонангу номуси миллати тоҷик, хатари ин гуна ҳаракатҳоро дарк намуда, намегузоранд бори дигар ба доми ин гуна фиребу найрангҳо афтода бошанд, зеро ин дасисаҳо, ҷангу ҷидолу харобиҳо ва қатлу ғорати солҳои 90-уми асри гузашта барои ҳар як фарди бошараф ва зираку тавонои миллати тоҷик дарси ибрат мебошад, ки он қариб ба хатари аз байн бурдани ватану миллат оварда расонида буд.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ