Бори каҷ ба манзил намерасад.

Имруз дар ҷомеа хатари терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ хатари ҷиддӣ ва таҳдидкунанда ба амнияти давлат мардумсулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср на танҳо ба давлатҳо, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид карда истодааст. Ин созмонҳо ва кувваҳои бадхоҳ ҷосусони давлатҳои ҷудогона ба ҳисоб мераванд. Ин шахсонинохалаф, ки руҳияи онҳо ба қатлу куштор шакл гирифтааст, ҳатто вақте, ки ҳабс мешаванд, дар ҳамон ҷо ҳам дар ҷиноятҳои вазнин даст мезананд. Ҳодисае, ки рузи 19 майи соли равон дар маҳбасхонаи Ваҳдат шуда гузашт далели ин гуфтаҳост. Ин шахсони манфур ба инсонҳо нафрати беандоза доранд. На ба калонсолон раҳм мекунанд на ба кудакон. Ҳамеша ба давлату миллат хиёнат мекунанд. Ҳар ҷомеаи имрузаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ зиста истодаанд, бо пуштибони сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми қавиирода намегузоранд, ки чунин падидаҳои беистино дар ҷомеа рушд карда, онро халалдор созанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохурию мулоқотҳояшон ба мардуми тоҷик таъкидменамоянд, ки ба қадри ҳаёти осуда бирасем , сулҳу оромии доштаамонро ҳифз карда, ба меҳнати содиқонаи худ обод созем . Ҳак бар ҷониби чунин гуфтаҳост.

Имрузҳо моро лозим аст,ки бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳем. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм ва экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намоем. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандусту гуманист. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризмуэкстремизми диниро маҳкум менамояд.

Нақшаҳои баде, ки ин шахсиятҳои манфур мекашанд, ҳеҷ ба мақсад намерасанд. Он иғвою дасисаҳое, ки нисбати халқ мекунанд оқибат худ шарманда мегарданд. Ва имруз ин хоинони миллат дар ба дар дур аз Ватан ҳастанд. Чунин аст сазои шахсоне, ки ба ватану миллати худ хиёнат мекунанд.

Авангард кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ