​Машқи пагоҳирӯзӣ – беҳтарин василаи нигоҳдории саломатӣ

Раёсати донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №260 аз 27 майи соли 2017 “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” пайваста тадбирҳои мушаххас андешида, дар ин замина, ҳар ҳафта рӯзи шанбе, ки “Рӯзи варзиш” эълон гардидааст, дар назди хобгоҳҳо ва факулетҳои донишгоҳ машқҳои пагоҳирӯзӣ, инчунин бозиҳои варзишии футбол, баскетбол ва волейбол ташкил ва гузаронида мешаванд.

Субҳи 18 майи соли 2019, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯён ба варзиш ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар маҷмааи варзишии “Хуррамшаҳр”-и донишгоҳ ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 2000 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, бо обутоби бадан машғул шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ