Озмуни донишгоҳии мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Саразм – ёдгории тамаддуни тоҷикон” гузаронида мешавад

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ миёни донишҷӯён ва магистарнтон дар соли 2020 Озмуни донишгоҳии мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Саразм – ёдгории тамаддуни тоҷикон” бахшида ба 5500 солагии Саразми бостонӣ эълон менамояд.

Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣва англисӣ ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ пешниҳод намоянд.

Мақолаҳое, ки то ҷамъбасти озмун дар матбуот нашр мегардад, афзалият дода мешавад.

Қабули мақолаҳо барои пешниҳод дар озмун то санаи 10 майи соли 2020, соати 17:00 сурат мегирад.

Мақолаҳо пешниҳоднамудаи довталабони озмун бояд дар ҳаҷми то 4 саҳифа бошад.

Ғолибони озмун аз ҷониби Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед тавассути суроғаи зерин дастрас намоед:

  • Телефон: 93-780-05-24
  • Почтаи электоронӣ: bohir-1988@mail.ru

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ