​Ҳамкории донишҷӯён бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақвият меёбад.

Дар факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” вохӯрии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Рустамзода Мӯмин Дадоҷон ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ бо донишҷӯён доир гашт.

Дар вохурии мазкур полковники милитсия Рустамзода Мӯмин Дадоҷон оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гашта буд, мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки донишҷӯён бояд ба хондани китоб, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ саю кӯшиш намоянд ва ба ин васила, барои пешгирии шомил шудани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта, кам кардани вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон сай намоянд.

Ҳамчунин сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкнии байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ аз вазъи ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, теъдои ҷинояткорӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ намуда,аз ҷавонон давъат ба амал овард, ки барои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳарчи бештарҳамкорӣ намоянд. Зеро нигаҳдори тартиботи ҷамъиятӣ вазифаи дастаҷамиитамоми шаҳрвандон,алалхусус ҷавононмаҳсуб меёбад.

Баъдан доир ба масъалаи баррасишаванда байни кормандони мақомот ва устодону донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷаҳонгир Махкамов,

донишҷӯи соли чоруми

факултети таърих ва ҳуқуқ,

узви маҳфили “Неруи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ