​Семинар: Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ

Бо ташаббуси «Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ”-и назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” семинари доимоамалкунандаи таълимӣ-методии «Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ» дар факултети забонҳои шарқ баргузор гардид.

Дар семинар дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ Муътабар Шарипова роҷеъ ба «Татбиқи таксономияи Блум дар ҷараёни таълим» маърӯза намуда, зикр дошт, ки Б.Блум баҳри баҳодиҳӣ ба донишу малака ва фаъол намудани хонандагон, инчунин баланд бардоштани сифати таълим 6 зинаи ҷараёни таълими салоҳиятнокиро тавсия додааст.

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ М. Неъматова дар мавзӯи «Усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни таълим» баромад карда, оид ба мафҳуми «коммуникатсия» маълумоти муфассал ироа намуд.

Сипас, ширкаткунандагон доир ба масоили истифодаи усулҳои фаъол дар ҷараёни машғулияти таълимӣ мубоҳиса намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ