​ММТ: 75 331 довталаб Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро интихоб намуданд.

Тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти интихоби муассисаҳои таълимии олии кишвар аз ҷониби довталабон дар раванди бақайдгирии довтлабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2019-2020 ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 75 331 ҳуҷҷат супоридаанд.

Ин нишондод аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2019 (дар асоси коркарди аввалия) пешниҳод гардида, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми дуюмро касб намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар байни муассисаҳои олии вилояти Суғд мавқеи аввалро гирифтааст.

Илҳом Каримов, котиби масъули комиссияи қабули Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баён дошт, ки довталабон дар кластери якум ба ихтисосҳои информатика, математика, дар кластери дуюм ба ихтисосҳои кори бонкӣ, география, дар кластери сеюм ба ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти рус, дар кластери чорум ба ихтисосҳои таърих, таърих ва ҳуқуқ ва дар кластери панҷум ба ихтисосҳои биология, химия, биология ва химия, кори тиббӣ-биологӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ