​ДДХ: Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид!

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, устодон ва донишҷӯёни бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар оғоз навгониҳои илмиву техникӣ ва маҳсули касбу ҳунари устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию мадании сарзамини тоҷикон ба ҳисоб рафта, мисли даҳҳо манзилҳои мадании ҷамоаи бостонӣ дар ибтидо ҳамчун бошишгоҳ пайдо ва баъдтар чун маҳалли аҳолинишин рушд ёфтааст. Дар бораи обу хок ва табиати дилфиреби ин сарзамини биҳиштосо, хусусияти ҷуғрофӣ, аҳолӣ, урфу одатҳои мардумони бумии он дар асрҳои пеш аз мелод дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто», катибаҳои рўисангӣ, асарҳои муаррихон ва сайёҳони юнонию румӣ, арабҳо, сайёҳони Чин маълумоти муфид дода шуда, эшон таассуроти хешро доир ба назокатҳои ин шаҳр дар иртибот бо рўди сероби Сир ба қалам овардаанд.


Баъдан, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сухан ронда, таъкид дошт, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи он таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқон, нависандагону шоирон, санъаткорон, аҳли қалами халқу миллатҳои мухталифро ба худ ҷалб кардааст. Олимон унвони Хуҷандро таҳлил намуда, исбот кардаанд, ки решаи он аз калимаи мураккаби забони қадимаи эронии "Хваканта" гирифта шуда, маънояш "шаҳри офтобӣ" ё худ "офтобшаҳр" мебошад. Ин ном дар китоби муқаддаси "Авесто" 3 ҳазор сол муқаддам зикр шудааст. Пас, метавон гуфт, ки шаҳри Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дорад.

Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки Хуҷанди бостониву ҳамешаҷавон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва имрӯз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қабои худро куллан дигаргун кардаву боз ҳам ҷолибтар гаштааст.

Дар ҷараёни кори конфронс устодону олимони донишгоҳ, аз қабили Тоҷибой Султонзода, Ислом Раҳимов, Шавкат Шарифов ва Шарифҷон Тоҷибоев бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба паҳлуҳои гуногуни таъриху илм ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд маълумот доданд.

Дар идома барномаи рангини ватандӯстона аз ҷониби ансамбли созию овозии "Навои ҷавонӣ"-и донишгоҳ манзури ҳозирин гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ