​Конференсия: “Муаммоҳои физикаи муосир ва таълими фанҳои дақиқ”

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ-методӣ таҳти унвони “Муаммоҳои физикаи муосир ва таълими фанҳои дақиқ” бахшида ба 75-солагии ҳаёт ва 50 соли фаъолияти омӯзгории Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои физика-математика, профессор Масаид Шерматов баргузор гашт.

Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки баргузории конференсияи илмӣ-методии “Муаммоҳои муосири физика ва таълими фанҳои дақиқ” аз татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак дода, ин раванд дар ислоҳоти соҳаи маориф ва густариши усулҳои нави таълими фанҳо падидаи тоза ба шумор меравад. Профессор Ҷамшед Ҷӯразода тазаккур дод, ки раёсати донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои тавсеаи равандҳои технологияи муосир, аз ҷумла суръат бахшидани рушди илмҳои дақиқ як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст. Дар донишгоҳ ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва таъсиси ихтисосҳои нав таваҷҷуҳи асосӣ равона гашта, ҷиҳозонидани лабораторияҳои фаннӣ ва баланд бардоштани рушди ихтироъкориву навоварӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор гирифтааст, ки ин тадбир метавонад барои ба марҳалаи сифатан нави инкишоф ворид шудани илмҳои дақиқ шароити мусоид фароҳам оварад.

Дар идомаи суханронӣ, ректори донишгоҳ доир ба ҳаёти ибратбахш ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотии профессор Масаид Шерматов ибрози андеша намуда, арз кард, ки конференсияи мазкур бо фарогирии 80 мақолаи арзишманди мутахассисони риштаи физикаю техника дар 3 бахш ҷараён мегирад.

Сипас, доктори илмҳои физика-математика, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гирандаи мукофоти Лауреати давлатии ба номи А. Берунӣ Абдуғафур Мамадалимов дар масъалаи “Муҳимияти муаммоҳои физикии нимноқилҳои нахҳои тибиӣ”, доктори илмҳои физика-математика, профессор Абдуалӣ Абдуманонов дар мавзӯи “Донишандӯзӣ ва касбияти баланд – ду омили муҳими таъмини зиндагии шоиста дар ҷаҳони муосир” ва декани факултети физикаю техника, номзади илмҳои физика-математика, дотсент Муъмин Шамсидинов доир ба мавзӯи “Устоди хирадманд” маърӯза намуданд.

Баъдан, дӯстону шогирдон ва пайвандони мавсуф ба сухан баромада, меҳрномаҳои хешро иброз доштанд.

Дар интиҳо, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Масаид Шерматовро бо фарорасии 50-солагии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва 75-солагиашон табрику муборакбод намуда, бурдборӣ, хонаободӣ, саломатӣ ва муваффақиятҳои назарраси илмӣ таманно кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ