​Бар хилофи андешаҳои заҳролудшудаи ТЭТ ҲНИ амал менамоем!

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳи нотавонбинони ТЭТ ҲНИ имрӯзҳо доир ба масъалаҳои мухталифи ҷомеа овозаҳо ва хабарҳои фаҳшу заифро паҳн намуда, ба ҷомеа гӯё худро “сафед” ё “дилсӯз” муаррифӣ менамоянд. Аммо мақсади ниҳоии онҳо ба даст овардани маблағ мебошад.

Агар дақиқтар ба хабарҳои онҳо назар андозем, як масъала аз бому дигаре аз ҳаво садо медиҳад. Ҳуқуқи инсон, муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ, хизмати Ватан-Модар ва амсоли инҳо масоилианд, ки бештар ин гурӯҳи зархарид ҳарф мезананд. Дар ҳоле, ки давлату ҳукумати кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва шароити мусоидро фароҳам месозад то муаммоҳои мавҷудаи ҷомеа марҳала ба марҳала бартараф гарданд.
Дар маводе, ки зери унвони “Гаравгонгирии мақомот дар Чоркӯҳ ва Ворух” ва “Исфара пилони облаваро чигуна иҷро кард?” паҳн гардидааст, метавон гуфт, ки аз сарлавҳа то анҷом мавод пур аз ғалати имлоиву мазмунӣ ва бесаводӣ иншо гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ашхосе ҳастанд, ки аз таълиму тарбия ва илми замони муосир фарсахҳо дур буда, бесаводона ва кӯрона ба сӯи ояндаи худ қадам мезананд. Аз ин лиҳоз, онҳо аз гумроҳшудагонанд. Ибораҳои “облава”, “болои мардум ҳамла карданд”, “пайравони ТЭТ ҲНИ”,“фаъолияти раисони шаҳр ё мақомоти қудратӣ” ва дигар мафҳумҳое, ки саропо дурӯғи маҳз аст, истифода намудаанд. Ҷавонони Исфара аз он нафароне нестанд, ки мисли шумо-хоинони ватан аз берун истода ба сӯи давлати худ сангпартоӣ намоянд! Ҳисси ватандӯстии ҷавонони Исфара болост, аммо Шумо барин шахсони эктремисту террористӣ бо ҳар роҳу восита ва бо истифода аз муҳоҷирати меҳнатӣ онҳоро заҳролуд ва бероҳа сохтан мехоҳед! Мақсади шумо танҳо аз тафриқаандозӣ, ҷудоиандозӣ ва паҳн намудани тухми низоъ дар ҷомеа иборат аст.
Пас, мо ҷомеаи тоҷику тоҷикистонӣ бар хилофи андешаҳои заҳролудшудаи ТЭТ ҲНИ амал намуда, ҳар як пораи Тоҷикистони азизро ҳифз хоҳем кард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ