​Баҳодиҳии хонандагон дар асоси тестҳои муосир ва аҳамияти он

Муаллими кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Хушрӯз Темиров ба донишҷӯёни соли дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ аз фанни “Воситаҳои муосири баҳодиҳии натиҷаи таълим” дар мавзӯи “Баҳодиҳии хонандагон дар асоси тестҳои муосир ва аҳамияти он” бо методи фаъоли таълим машғулияти назариявӣ гузашт.

Омӯзгор дар асоси барномаи таълимӣ, силлабус, комплекси таълимӣ ва слайдҳои пешниҳодшуда ба донишҷӯён аз таърихи баҳогузорӣ маълумот дода, қайд кард, ки тест ва истифодаи он яке аз методҳои баҳодиҳии муосир ба шумор рафта, истифодаи он дар ҷараёни таълим масъулияти хонандаро дучанд мекунад.

Хушрӯз Темиров ҷиҳати босифат гузаронидани дарс аз проектор, адабиёти таълимиву бадеӣ, маводи дидактикӣ, аёнияти тасвирӣ истифода бурд.

Маврид ба таъкид аст, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар низоми таълими салоҳиятнокӣ ҷорӣ гардида,самаранокии фаъолияти омӯзгор аз рӯи истифодаи методу усул ва воситаҳои таълиму омӯзиш муайян карда мешавад. Ҳамон метод самаранок ҳисоб меёбад, ки фаъолнокии хонандаро ба вуҷуд оварда, ба мустақилияту эҷодкорӣ ҳидоят намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ