​Тақдими дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи чорабинии хотимавии конференсияи анъанавии илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, “700-солагии Камоли Хуҷандӣ”, “5500-солагии Саразми Бостонӣ” ва Рӯзи илми тоҷик ба ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, профессор Ҷамшед Ҷӯразода барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Дипломи дараҷаи 2-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мавриди ёдоварист, ки дар Олимпиадаи мазкур 7 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти илмҳои математика, физика, геология, астрономия, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби Ҷоми академия ва мақоми аввал, дипломҳои дараҷаи 2-юм, 3-юм ва ифтихорнома гардиданд.

Бояд қайд кард, ки Олимпиадаи мазкур, бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омўзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷўёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ба роҳ монда шуда, ба ғолибон имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ