​Баргузории маҳфили илмӣ-адабии “Баҳори дониш”

Дар факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили илмӣ-адабии “Баҳори дониш” бо ширкати декани факултети забонҳои шарқ ИсломРаҳимов, директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар маҳфил китоби “Достонҳои дилангез аз “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ”-и доктори илмҳои филологӣ Абдулманнони Насриддин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокдорон доир ба хизматҳои шаёни Абдулманнони Насриддин дар ҷодаи адабиётшиносӣ ва нақду сухансанҷӣ ҳарф зада, аз осори безаволи Саъдии Шерозӣ порчаҳои насриву назмӣ қироат доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ