​Ташрифи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба донишгоҳ

1-уми сентябр, дар бинои таълимии № 1–и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва доираи васеи устодону донишҷӯён Рӯзи Дониш таҷлил карда шуд.

Ҷамъомади тантанавироректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ҳусни ифтитоҳбахшида, риштаи суханро бараиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодавогузошт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 1-уми сентябр ҳамчун оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо як ҷаҳон ифтихору саодат аз ҷониби маорифчиён ва аҳли ҷомеа таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, кулли устодону омӯзгорон ва донишҷӯён ин боргоҳи маърифатро табрику таҳният гуфта, дар раванди таълим ва омӯхтани илму маърифат дастовардҳои беназир орзу намуд.

Зикр гардид, ки сол аз сол шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва ба таълиму тарбия фарогирии хонандагони болаёқат, рушди мактабҳои намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, иштирок ва ғолибияти толибилмону донишҷӯён дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вусъат ёфтани бунёд, сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ бещтар мегардад, ки натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбат ба мактабу маориф арзёбӣ мегардад.

Раиси вилоят аз имконот ва иқтидори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳарф зада, гуфт, ки устодони донишгоҳ дар ҳайати 43 доктори илм, профессор, 351 номзади илм, дотсент, 193 сармуаллим ва 318 муаллим фаъолият менамоянд, ки шумори зиёди эшон соҳибунвон ҳастанд.

Хидматҳои илмиву фарҳангии устодони донишгоҳ аз ҷониби давлату ҳукумат ҳамеша қадршиносӣ гардида, давоми даҳсолаи охир то имрўз 5 нафар Медали хидмати шоиста, 12 нафар Корманди шоиста, 2 нафар ордени Шараф, 5 нафар Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 47 нафар барандаи ҷоизаи вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, 500 нафар аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 170 Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва 200 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, ки ифтихоримо мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли нави таҳсилро бо дастовардҳои назаррас натиҷагирӣ намуда, дар рушди нумӯи соҳаи илму маориф ва камолоти маънавии донишҷӯён ҷаҳду талош хоҳанд намуд.
Сипас, профессор Матлубаи Мирзоюнус аз таваҷҷуҳу иқдомоти роҳбарияти Ҳукумати кишвар нисбат ба илму маориф ва рушди бемайлони соҳа изҳорӣ хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри тарбияи мутахасисони арзандаи соҳибкасб ва мусаллаҳ бо донишҳои муосир аз тамоми имконот истифода хоҳанд намуд.

Ҳамчунин, донишҷӯи соли аввали факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ Дилноза Охунова аз номи донишҷӯёни донишгоҳ ба сухан баромада, арз дошт, ки дар ҷавоб ба ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар донишгоҳ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳм хоҳанд гузошт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар меҳмонон аз Осорхона ва толори Гербарияи ботаникии донишгоҳ дидан намуданд.

Баъдан, беш аз 13 ҳазор нафар устодон ва донишҷӯён дар биноҳои таълимӣ ба тамошои пахши мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Рӯзи дониш фаро гирифта шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ