​Масъалаҳои мубрами журналистика. Ду китоби устодон ва олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нашр расид

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» аз чоп баромаданд.

Ин китобҳо маҷмӯаи ҳайати устодон, олимони ҷавон, аспирантон ва магистрантони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки тариқи нашриёти «Ношир» дастраси хонандагон гардид.

Ин ду маҷмӯа мақолаҳои устодон ва олимони ҷавони соҳаро дар мавриди саҳми журналистика дар рушди ҷомеа гирд оварда, фарогири масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур мебошад. Мутахассисон муаммо ва мушкилоти журналистикаи мамлакатро дар пажӯҳишоти хеш баррасӣ намудаанд. Дар мақолаҳо вазъи матбуоти маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бозгӯ шудаанд.

Ташаккули меъёрҳои этикаи касбӣ, Истиқлолият ва журналистикаи сиёсӣ, махсусиятҳои он дар ҷомеаи иттилоотӣ, ҷойгоҳи жанрҳои журналистӣ, инъикоси муаммоҳои ҷаҳонӣ низ аз ҷумлаи мавзӯъоти ҳаллу фаслшудаи ин китобҳои тозанашр мебошанд.

Бояд гуфт, ки маводи маҷмӯаҳо барои мутахассисони соҳаи журналистика, муҳаққиқон ва рӯзноманигорони ҷавони ҷумҳурӣ дастурамали хуби корӣ буда метавонад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ