​Машварати дастурдиҳӣ доир ба коргузорӣ

Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” семинар-машварати дастурдиҳӣ доир ба масоили “Беҳтар намудани вазъи коргузорӣ дар сохторҳои донишгоҳ” бо фарогирии котибони Шӯрои олимон ва ҷаласаҳои садорати факултетҳо ва котиба-коргузорон ва масъулони 18 факултету 77 кафедраи муассиса баргузор гашт.

Дар машварат, сардори Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ, дотсент Фаридун Ҳодибоев оид ба масъалаи “Вазъи танзими ҳуҷҷатнигорӣ дар сохторҳои донишгоҳ” баромад намуда, ҷиҳати танзим ва батартибдарории ҳуҷҷатҳои содиротӣ, воридотӣ, протоколҳои ҷаласаҳо, нақшаи чорабиниҳо, феҳрасти ҳуҷҷатҳо ва дигар самтҳои коргузорӣ сухан кард. Арз гашт, ки барои фаъолияти ягонаи коргузорӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатнигорӣ дар сохторҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ дафтарҳои содиротию воридотӣ ва муроҷиати шаҳрвандон таҳия ва дастрас мегардад, ки он боис ба пешрафти фаъолияти котибони Шӯрои олимон ва ҷаласаҳои садорати факултетҳо ва котиба-коргузорону масъулон хоҳад гардид.

Ҳамзамон таъкид гашт, ки минбаъд дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ҷиҳати батартибдарории коргузорӣ ҳар моҳ ба истиснои моҳҳои июл ва август рӯзи 28-ум Рӯзи ягонаи ҳуҷҷатнигорӣ дар факултетҳо эълон карда шудааст.

Профессор Абдусаттор Абдуқодиров дар мавзӯи “Мушкилоти имлои забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ягонагии ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ” маърӯза намуда, доир ба матни протокол, қарор ва маълумотҳо аз лиҳози роияиимлои забони давлатӣ маълумот ироа намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар семинар-машварат мудири шуъбаи коргузорӣ - Манзура Шокирова ва ҳуқуқшиноси донишгоҳ - Саломат Бобоҷонова ширкат варзида, ба иштирокдорон доир ба муаммо ва роҳҳои рафъи он дар коргузорӣ тавсияҳои судманд ироа доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ