Қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёну унвонҷӯён ва магистрантону аспирантони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, аз рӯйи номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии тоҷик Шодмонбибӣ Шарофова, докторанти факултети филологияи тоҷик сазовори ҷойи аввал, Шоира Олимова, магистранти факултети филологияи тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва аз рӯйи номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии ҷаҳон Манижа Воситзода, донишҷӯи факултети филологияи руси донишгоҳ сазовори ҷойи якум гардиданд. “Шоҳҷоиза” насиби Сарфарозиддин Иморуддинов, донишҷӯйи курси чоруми факултети филологияи тоҷик гардид.

Ҳамчунин, устодони донишгоҳ, Ромиз Абдуллоев, сардори раёсати илм ва инноватсия, Мавҷуда Ӯрунова, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик,Замира Ӯлмасова, дотсенти кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷик ва Восит Шарипов, дотсенти факултети филологияи рус, ки ҳайати ҳакамони озмуни шаҳри буданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои раиси шаҳр қадр гаштанд.

Ба ғолибони озмун, аз ҷумла ҷойи сеюм 800 сомонӣ, ҷойи дуюм 1200 сомонӣ, ҷойи якум 2000 сомонӣ ва «Шоҳҷоиза» 5000 сомонӣ маблағҳои пулӣ супорида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ