​Рӯзи дарҳои кушод дар Китобхонаи марказии донишгоҳ

Дар Китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо мақсади ошноии устодону донишҷӯён бо китобҳои нодир, тозанашр ва дастовардҳои илмӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Дар ин рӯз устодону донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ ба китобхона ташриф оварда, аз намоиши дастовардҳои илмии олимон ва китобҳои тозанашру нодир дидан ба амал оварданд.

Зимни боздид устодон ва донишҷӯёни факултети фавқуззикр таассуроти хешро баён намуда, зикр дошатанд, ки дар фонди китобхонаи донишгоҳ китобҳои нодир мавҷуд аст, ки чун баёнгари фарҳанг ва таърихи миллиамон арзиши болоро доро мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки Китобхонаи донишгоҳ дорои таърихи 87 сола буда, дар махзани он беш аз 300 000 китоб мавҷуд аст. Дар фонди китобхона беш аз 2 000 китоби нодир маҳфуз аст, ки таърихи 100, 200 ва 300 сола дорад.

Тибқи иттилои директори китобхона, номзади илмҳои филологӣ Дилбар Самадова дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шуъбаҳои пурракунӣ ва коркарди китобҳо, толори хониш, хизматрасонӣ ва маҳзани асарҳо, маълумотдиҳӣ ва библиографӣ, хизматрасонии компютерӣ, китобҳои нодир ва зершуъба ё филиал дар 2 хобгоҳ ва 2 факултет фаъолият доранд. Баён карда шуд, ки дар соли таҳсили 2018-2019 ба китобхона ва зершуъбаҳои он бештар аз 20 000 донишҷӯ ва устодон ташриф овардаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ