​Шоири имрӯзу фардо

Дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд нишасти 173-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» таҳти унвони “Шоири имрӯзу фардо” бахшида ба солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо иштироки олимону адибон, мухлисони каломи бадеъ баргузор гашт.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба барномаи он шинос намуд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён Амонзода сухан карда, эҳтироми устод Лоиқро эҳтироми миллат номид.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз хотираҳои хубу гуворояш доир ба устод Лоиқ ҳарф зада, зикр дошт, ки Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ мақоми баланд дошта, ашъораш дарёи бузургеро мемонад, ки ҳар ғаввоси маънӣ барои худ дурдонаҳои суханро бозмеёбад.

Муаррифии муҳимтарин сарчашмаву адабиёт оид ба рӯзгор ва осори Лоиқ аз ҷониби номзади илмҳои филология Боҳир Раҷабов сурат гирифт. Ӯ беш аз чиҳил сарҷашмаву адабиётро, ки ба фаъолияти рангини устод Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст, муаррифӣ намуд.

Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддин Маҳмудзода перомуни сабки ашъори устод Лоиқ маърӯза кард.

Баъдан, ходими сиёсиву давлатӣ, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова, олими дин ва адиби соҳибназар Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, муаррихи номвар Усмонҷон Ғаффоров ва дигарон доир ба ҳаёт ва осори устод Лоиқ ҳарф заданд.

Дар доираи маҳфил озмуни “Донандагон ва хонандагони ашъори Лоиқ” барои гирифтани ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷамъбаст ва фаъолон бо диплом қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ