​“Инсони комил ва забоншиноси варзида”

Таҳти чунин унвон дар раёсати Муассисаи давлати таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 90-солагии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳомидҷон Мамадов бо ширкати васеи устодону донишҷӯён ва шогирдону пайвандон баргузор гашт.

Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, таъкид бар он кард, ки арҷгузорӣ ба заҳматҳо ва хидматҳои арзандаи аҳли илму маърифат ва ҳунару адаб ба унвони яке аз беҳтарин падидаҳои сиёсати давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуда, ин падида дар боло бурдани маърифати ҷомеа, шинохти хидматҳои арзандаи аҳли зиё ва густариши фарҳангу адабиёт нақши муассир гузошта меояд. Дар ин росто, дар баробари дигар чорабиниҳо, ки барои пос доштани хидматҳои олимону донишмандон ва собиқадорони соҳаи илму маориф ва шинохти онҳо аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша дароварда шудааст, конференсияи илмӣ-назариявии “Инсони комил ва забоншиноси варзиза” роҳандозӣ гашт.

Сипас, доир ба кору пайкор ва корномаҳои илмии муҳаққиқи соҳибмақоми риштаи забоншиносӣ Ҳомидҷон Мамадов ҳарф зада, баён кард, ки мавсуф дар тӯли фаъолияти шастсолаи меҳнатӣмасоили таълиму тарбияи шогирдон, ҷустуҷӯ ва дарёфти усулҳои тозаву самарабахши тадрисро мавриди назар ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додааст.

Ректори донишгоҳ дар фарварди сухан гуфт, ки шогирдони тарбиятёфта ва маҳсули меҳнати илмиву эҷодии номбурда минбаъд низ барои тарбияи насли солиму созанда ва мутахассиси барҷастаи забоншиносӣ заминаи мусоид ба вуҷуд оварда, ба ин васила, дар густариши равобити халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми бориз хоҳанд гузошт.

Баъдан, устодони факултети филологияи ӯзбек доир ба мавзӯъҳои “Инсони комил ва роҳбари кордон”, “Устод Ҳомидҷон мамадов – забоншиноси варзида”, “Саҳми забоншинос Ҳомидҷон Мамадов дар навоишиносӣ” баромад ва дӯстону шогирдон ва пайвандони мавсуф меҳрномаҳои хешро баён доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ