​Илоҳо Кабирӣ ба камоли пирӣ..

Баъди мутолиаи мақолаи Фарҳод Воҳидов таҳти унвони «Дуои модари фарзандгумкарда: илоҳо Кабирӣ ба камоли пирӣ нарасад» хома ба даст гирифтам, то ин ки перомуни ин гуфтаҳо фикру мулоҳизаи хешро баён намоям.

Дар ин мақола зиндагиномаи талхи танҳо як зан-модари муштипари фарзандгумкардаи тоҷик оварда шудааст, аммо мутассифона имрўз шумораи чунин модарони ғарқи ғаму андўҳи фарзанд кам нестанд. Чун фарзанди қаҳрамони ин нақл, ҳазорҳо ҷавонони тоҷик бо роҳи гумроҳ ва фиреб дар бораи он ки берун аз марзи кишвар бо ҷои кории сердаромад таъмин мешаванд, ба майдони набард равона карда шуданд. Маълумотҳои ба дастоварда ва муроҷиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумат далели он, ки имрўз то ҳол шумораи ҷавонони гумроҳшуда, оила ва фарзандони ноболиғи онҳо дар минтақаҳои хавфноки Ироқу Сурия қарор доранд ва ҳамарўза ҳаёти онҳо зери фишору таҳдид қарор доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баргардонидани шаҳрвандони тоҷик, хоссатан занону кўдакон чораҳои муассир андешида шуда истодааст. Ин буд, ки санаи 1-уми майи соли 2019 84 кўдаки тоҷик аз Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Мутобиқ ба маълумотҳо имрўз дар урдугоҳи Роҷ наздик 600 нафар ва Ал-Ҳол 400 шаҳрвандони тоҷик қарор доранд.

Дар он мусоҳибае, ки санаи 12 октябри соли равон аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулнора Орифова ба Радиои Озодӣдода муайян гашт, ки ў бо ду нафар фарзандони ноболиғаш дар урдугоҳи Роҷ қарор дорад ва амалиётҳои ҷангӣ дар наздикии ин урдугоҳ рафта истодааст. Дар ин урдугоҳ 30 нафар занони тоҷик бо фарзандонашон қарор доранд, ки ба онҳо аз норасогии озуқа гуруснагиву беморӣ ва таркиши бомбаҳо, таҳдиди марг вуҷуд дорад. Аз нақли Гулнора муайян гаштааст, ки ў панҷ сол қабл бо ҳамроҳии ҳамсараш ба Сурия омадааст. Баъди шикасти «Давлати Исломӣ» ў ҳамроҳи фарзандонаш ба асорати ташкилоти курдҳо фаромадааст.

Дигар зани тоҷик, ки ба Радиои Озодӣ худро бо номи Фаришта муаррифӣ кард қайд намудааст, ки «Мо ҳамарўза зери тарсу ваҳм карор дорем, ки ана ҳозир мо бомбаборон ё ин ки дигар ҳолат ба вуҷуд меояд. Озуқаи мо хеле кам мондааст ва он низ дере нагузашта тамом мешавад».

Имрўз ҳамватанони мо берун аз хоки Ватан дар чунин ҳол қарор доранд. Савол ба миён меояд, ки чӣ-ин тоифа ҳамватанони моро ба чунин ҳолат гирифтор кардааст? Бо чӣ мақсад онҳо бо занон ва фарзандони хеш пой ба ин давлатҳо гузоштанд? Оё онҳо медонистанд, ки ба майдони ҷангу набард рафта ҷони ҳамсар ва фарзандони хешро зери хатар мегузоранд ва падару модари худро ба ғаму андўҳ фирефта менамоянд? Ҳаргиз на! Ба андешаи ман чун фарзанди қаҳрамони мақолаи мо, аксар ҷавонони тоҷик аз ҷониби Кабириву пайравони худобехабару фитнагари ў, зери ливои Ислом фирефтаву гумроҳ карда шуда ба ин вартаи нокомиҳо гирифтор шудаанд.

Бо назардошти ин нуқта аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба хотири пешгирии чунин ҳолатҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсии ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, таълиму тарбиявиро дар ҳамаи ниҳодҳо дуруст ба роҳ монда, баҳри таҳкими сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ