​Бадхоҳони миллат ба мақсад намерасанд!

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе ба нашр расид, ки дар он дар мавриди иҷроиши нақшаи ҳарбӣ дар Исфара ва азият додани мардуми Воруху Чоркӯҳ аз тарафи мақомоти қудратӣ сухан меравад. Ростӣ нашри чунин матолиб мардумро ба гумроҳӣ мебарад ва мардуми сарбаланди Исфара низ чун сокинони Тоҷикистон ҳамеша барои ҳифзи марзу буми кишвар омодаанд ва намегузоранд бадхоҳе даст ба амалҳои ношоиста занад ва суханҳои зишту нораво дар ҳаққи мардум ва ҳукумат бигӯяд.

Ин матлаб дар рӯзҳое ба нашр расид, ки дар рӯзи аввал нақшаи хизмати ҳарбиро шаҳри Исфара иҷро намуд ва ҷавонони сарбалани ин минтақаи кишвари соҳибистиқлоламон омодагии худро барои дифои марзу буми аҷдодӣ эълон намуданд. Чуноне, ки дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара омадааст: дар шаҳри Исфара дар рӯзи аввалини маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо доирнамоии маросими пуршукӯҳи сафарбарсозии беш аз 260 нафар наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи муқараргардида башорат доданд. Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ, ки бо ширкати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссариати ҳарбӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, хизматчиёни қисмҳои низомӣ, собиқадорон, волидайн, омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ доир гардид, раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарорро таманно намуда, бо баробари таъкиди муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт будани хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тазаккур дод, ки Ватани мо, зану фарзанд, падару модари мо ва тифлони маъсуми дар гаҳвора будаи моро ғайр аз мо каси дигар ҳимоят нахоҳад кард.

Шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор доранд ва баробари ба амал омадани муноқишаҳои марзӣ Пешвои миллат ба минтақаи даргир ташриф оварда, бо роҳбарои кишвари ҳамсоя мулоқот намуданд ва изҳор доштанд, ки барои ҳалли мушкилоти мардум тамоми чораҳоро меандешанд.

Мавриди зикр аст, ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара сафар намуда, аз ҳоли мардуми хабардор шуданд ва сўҳбати доманадоре барпо намуданд, ки ин амал яке аз таҷрибаи доимии Сарвари давлати тоҷикон аст. Мунтазам ин иқдоми шоиста идома дода мешавад, ки як ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат ба ҳисоб меравад. Сарвари кишвар зимни сафарашон қайд карданд, ки асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад.

Бо боварии комил метавон қайд кард, ки мулоқоти роҳбари давлат бо роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳалли мунокишаҳои марзӣ нуқта мегузорад ва ҳар ду миллат дӯстонаву бародарона зиндагӣ менамоянд. Самараи ин сафари кории Пешвои муаззами миллат имрўзҳо эҳсос карда мешавад. Воқеан мардуми шарафманди ҷамоати деҳоти Ворух ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳоро маҳкум карда, ҷиҳати риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави ҷамоат якдилона ташаббус зоҳир намуда истодаанд.

Вале тариқи расонаҳои иттилоотӣ нохалафони миллат, гурўҳҳои ифротӣ ва неруҳои ғаразнок, зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, бо истифода аз вазъияти ба амаломада мехоҳанд боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, кинаву адоват кошта, фазои ороми ватани маҳбуби моро ноором созанд. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рўпўш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд. Вале дар асл мақсади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зўрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рў ба рў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллии онҳо осебпазир гардидааст.

Албатта, навиштаҳои пур аз ғарази бадхоҳони миллатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум намуда, таъкид менамоем, ки ҳеҷ гоҳ бадандешон ва гумроҳон ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ