Ниёз надорем!

Аз ахборе, ки мухолифини кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши “ҳаводорон”-и худ кардаанд, дарёфтем, ки: “Дирӯз, 3 июл ҳайати Тоҷикистон, ки барои посух гуфтан ба суолҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони милал ба Женева рафта буд, Суисро тарк кард». Баъди мутолиаву таҳлили мантиқии ҳаматарафаи ин ахбор ба хулосае омадем, ки ин нукта низ аз таҳлилҳои бемантиқу бардурӯғи мухолифини кишвар беше нест. Худ ҳар як ахбору маълумоте, ки ин тоифаи мардум пешкаши хонандаи шабакаҳои иҷтимоӣ мекунанд, гаштаву баргашта ба суолҳои пурпечутоби пайдарпай равона месозад: чаро ин мардум аз баста шудани ҲНИ ин қадар “аламзада” ҳастанд, ки ҳар туҳмату бӯҳтоне, ки бар сарашон омад, ҷониби Тоҷикистон равона месозанд? Чаро ҳар мӯреро, ки дар кишвар меҷаҳад, чун фил ба худ қабул мекунанд? Чаро ободии кишвар, оромии мардуми онро намехоҳанд? Дар ҳоле, ки аз Аврупо нишаста бонг мезананд, ки ин ҳама кору фаъолияту ҷонканиҳои мухолифини баҳри “ободӣ”-ву “осудагӣ”-ву “озодӣ”-и мардуми “азияткашида”-и халқи тоҷик равона карда мешавад. Чаро бо чашми сар намебинанд, ки мо куллан ОБОД ҳастем! Мо ОЗОД ҳастем! Мо тоҷикистониён бо Сарвари оқилу кордони худ ҳамқадами замонаву чун дигар давлатҳои дунё ба пеш, ба сӯи қуллаҳои мурод устуворона қадам мезанем.

Ҳар мақолоту ахборе, ки аз ҷониби мухолифини кишвар бар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мегардад, танҳо барои манфиати баъзе аз ашхосон ба монанди М.Кабириву пайравони ӯ роҳандозӣ карда мешаваду халос. Дар ин нигоришот танҳо бонги беасоси Кабириро мехониву механдӣ: ин мард баҳри боло бурдани манфиатҳои худ, ҳатто падару набераву хонаводаи хешро зери нишон қарор додааст, магар ин аз рӯи мардист? Дар ҳоле, ки ҳар бобо барои набераи худ қодир аст, куҳро талқон кунаду ҳар писар баҳри гирифтани дуои падар ҷон нисор кунад! Тарбияи моён чунин аст, ки дуои падару модарро бигирему дар ҳимояи оилаи худ бошем ва ин нуктаҳо пайваста дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат низ ироа мегардад.

Сарвари оқилу донои халқи тоҷик баҳри то ба ин сатҳ расидани кишвар чи қадар ҷонбозиҳо кардаву мардумро аз азияти ҷанги бародаркуш бар асолати давлатдории ниёгон расонидан заҳмате кашидаанд ва худ халқ низ чашми бино дорад, дида истодааст, ки давлату миллат рӯ ба тараққӣ аст, халқро “ҳушдор”-кунандае лозим нест!

Худ баъди мутолиаи бонги М.Кабирӣ, ки худро то ба ҳол раиси ҲНИ мегираду роҳбари мухолифини кишвар, хандаамон гирифт: “додситони кулли Тоҷикистон, ки одат кардааст ҳамеша дигаронро пурсад, дар сатҳи байналмиллалӣ рӯбарӯи онҳое, ки болояшон зулм шудааст, истаду мавриди пурсиш қарор гирад, имтиҳони сахте барои мақомоти Тоҷикистон буд, ки аз он нагузаштанд”.

Ҳой мардум! Кадом зулм? Кадом имтиҳон?Ва баъд, магар ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳуқуқи башари СММ бар шумоён ҳисобот доданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ким-кадом суолҳо посух надоданд? Ва ё нафаре аз шумо аъзоёни ин кумита ҳастед? Агар чунин аст, пас дигар ҷои сухану таҳлилу мантиқкобӣ ҳам нест! Зеро ҳар амале, ки аз ҷониби мухолифини кишвар роҳандозӣ карда мешавад, як мақсад дорад: халалдорсозии оромиву осудагии кишвар, вайрон сохтаи зиндагии осоиштаи халқи тоҷик ва парокандагиву нобасомонӣ дар сохтори давлат.

Ҳой халқи “ватандор” ба такрор бар шумоён таъкид мекунем, ки моро ободии Ватани худ, осоиштагии халқ, тараққиёт мефорад. Мо ба “имтиҳон”-у “таккобӣ”- ҳои шумоён ниёз надорем! То ҷон дар тан дорем бар ҳимояи Ватани азизи худ, аз шумо ва шумобаринҳо меистему намегузорем, ки Ватану Тоҷикистонро сиёҳие пеш ояд!!!

Рабиев С.М.– декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

Эгамбердиева М.Х. – декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ